САДРИДДИН АЙНӢ ВА ЗАРФИЯТҲОИ КАМОЛШИНОСӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (31.Аъзамов С.Б..pdf)Аъзамов С.Б.САДРИДДИН АЙНӢ ВА ЗАРФИЯТҲОИ КАМОЛШИНОСӢ46

 


МУАЛЛИФ:Аъзамов Субҳонҷон Баҳромҷонович, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти муосири тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ѓафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола бардоштҳои нав оид ба ҷойгоҳи шоири бузурги тоҷик Камоли Хуҷандӣ дар пажўҳишҳои солҳои 20-40-уми садаи ХХ, хоса дар ҷусторҳои Садриддин Айнӣ сухан рафтааст. Муаллиф кўшидааст, ки арзиши таҳқиқоти Айнӣ ва дигар муаллифонро дар «Намунаи адабиёти тоҷик», «Намунаҳои адабиёти тоҷик», мақолаҳои «Камоли Хуҷандӣ» ва дигар асарҳо оид ба таърихи тоҷикон ва адабиёти онон бозгў намояд. Аввалин маротиба бо ин мақола диққати хонандагон ва пажўҳандагон ба шакли комили асари устод С. Айнӣ «Камоли Хуҷандӣ» дар нашрияи «Стахановчӣ» ҷалб шуда ва онро муаллиф нусхаи комили маҳсули камолшиноси маъруфи тоҷик ба ҳисоб овардааст. Ҳамзамон аввалин маротиба матолиби номаҳои устод С. Айнӣ ва А. Деҳотӣ дар иртибот ба масъалаи шинохти Камоли Хуҷандӣ нисбатан васеъ ва густарда гуфтугў шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

: Камоли Хуҷандӣ, Садриддин Айнӣ, камолшиносӣ, «Намунаи адабиёти тоҷик», «Намунаҳои адабиёти тоҷик», «Камоли Хуҷандӣ», номаҳо