Рӯйхат 2023
МАҚОМИ МУҲАММАДМУҲСИН ФОНИИ КАШМИРӢ ДАР РИВОҶИ АДАБИЁТИ ФОРСИЗАБОНИ ҲИНД
МУАЛЛИФ:Ғаффорӣ Замира Абдуллозода, д.и.ф., профессор, сарходими илмии Институти улуми ҷомеашиносии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Fафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Муҳаммадмуҳсин Фонии Кашмирӣ аз суханварони шаҳири форсисарои қарни XVII Ҳиндустон маҳсуб мешавад, ки бо осори ғании фалсафӣ, ирфонӣ, ахлоқӣ ва ашъори ноби хеш тавонист дар радифи бузургтарин урафои соҳибарҷи замони худ қарор гирад. Андешаҳои ирфонии Фонӣ хоссатан дар маснавиҳои ӯ таҷассум ёфтаанд. Дар чаҳор маснавӣ, ки аз Фонӣ боқӣ мондааст, масоили муҳимми ирфонӣ ба таври муфассал тарҳрезӣ шуда, нуктаҳои асосии он тафсиру маънидод ёфтаанд, ки аз дониши қавии ирфонию фалсафии шоир дарак медиҳанд.Шоир на танҳо дар такомули достонҳои ирфонӣ-ахлоқӣ саъй намуда, дар ҳаллу фасли масоили ирфонӣ ва тасаввуфӣ дастовардҳои ҷолибро сазовор шуд, балки достонсароиро дар мавзӯоти маҳаллӣ низ ривоҷ дод.Фонии Кашмирӣ ҳамчун намояндаи сабки ҳиндӣ бо навҷӯию маънибандӣ, таркибсозию ибораороӣ ва калимаороии шоирона дар ривоҷу истеҳкоми сабки ҳиндӣ низ саҳми назаррас гузошт. Дар шеъри вай метавон ба бисёр таркиботу таъбирҳои зебою латифи шоирона, ки ҳомили мазмунҳои бикр мебошанд, дучор омад.Баҳс перомуни ирфони Фонӣ ва таҳқиқи вижагиҳои сабки ҳиндӣ дар ашъори ӯ имкон медиҳад, ки мо ба кашфи дунёи маънавии шоир роҳ ёфта, арзиши онро дар қаламрави адабиёти форсӣ-тоҷикӣ таъйин намоем ва нақши босазои ин шоири ширинкаломро дар офаридани маъниҳои тозаву мазмунҳои нав ва вусъату густариш сабки ҳиндӣ аз нигоҳи мавзӯъ ва муҳтаво муқаррар созем.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Муҳаммадмуҳсин Фонии Кашмирӣ, адабиёти форсизабони Ҳиндустон, қарни XVII, маснавӣ, ирфон, сабки ҳиндӣ, навҷӯӣ, маънибандӣ, таркибсозӣ, ибораороӣ