Рӯйхат 2023
ИДРИСХОҶАИ РОҶӢ ВА МАСНАВИИ «ТАЗКИРАТ- УЛ-ХАТТОТИН»-И Ў
МУАЛЛИФ: Мирзоюнус Матлуба, доктори илмҳои филология, профессори МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”, (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА:тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба мероси адабии яке аз шоирони номвари охири асри Х1Х-ибтидои асри ХХ Идрисхоҷаи Роҷӣ (1878-1918) ва яке аз асарҳои ҷолиби вай маснавии «Тазкират-ул-хаттотин» ихтисос ёфтааст. Гуфта мешавад, ки маснавии мазкур, ки дар шакли манзум ба қалам омадааст, аз сарчашмаҳои муҳими таърихиву адабии ибтидои асри бист буда, дар он дар бораи қариб 60 нафар хушнависони замон маълумот ҷой дода шудааст. Таъкид карда мешавад, ки дар ин тазкира фазои ҳунарии садаҳои ХVIII-XIX ва оѓози садаи XX-и Бухоро ва дар маҷмуъ Мовароуннаҳр ба қалам омадааст. Маълумоти он дар бораи хушнависон, ороишгарони китоб, шоирону суханварон, анвои хат ва хусусиятҳои он басо ҷолиб ва муҳим мебошад. Муаллиф ба хулосае меояд, ки маводи ин тазкира ҳам аз назари таърихӣ ва ҳам аз нигоҳи адабӣ арзиши баланд дорад, зеро он агар, аз як тараф, дар бораи аҳли ҳунар ва хоса, хушнависон маълумот диҳад, аз ҷониби дигар, хусусиятҳои адабӣ ва услубии як тазкираи манзуми ибтидои садаи XX ва сабки нигориши яке аз намояндагони номвари ин давра Идрисхоҷаи Роҷиро инъикос менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Идрисхоҷа Роҷӣ, маснавӣ тазкира, хаттотон, анвои хат, хушнависӣ, манзум, соқинома