ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ДАР ОМӮЗИШИ ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (26.Исломов Ш.,,Бобоева З.Т..pdf)Исломов Ш.Бобоева З.Т.ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ДАР ОМӮЗИШИ ҲАЁТ ВА ЭҶОДИЁТИ АБДУРРАҲМОНИ ҶОМӢ49

 


МУАЛЛИФ: Исломов Шамсулло, н.и.п., мушовири гимназияи  хусусии Донишвар-1 (Тоҷикистон, Душанбе); Бобоева Зарнигор Тоҳировна, унвонҷўи  кафедраи  назария ва методикаи таълими забони  модарии  МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА:русӣ

ЧАКИДА

Муаллифон саъй намудаанд дар омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абдурраҳмони Ҷомӣ ҷойгоҳи «Модели технологияи таълим ва салоҳиятҳои хонандагону омӯзгорон»-ро муқаррар намоянд. Зикр мешавад, ки, дар модулхо ва мақолаҳое, ки дар бораи муносибати босалоҳият ба таълим дар Тоҷикистон иншо шудаанд, байни ду мафҳум: метод ва муносибат фарқ нагузоштаанд.Ба андешаи муаллифони макола, усулҳои таълим дар ҳамаи намуди низоми таълиму тарбия ба кӯҳнаву нав, фаъолу ғайрифаъл бояд ҷудо нашаванд ва ҳар кадоме аз он дар мавқеи худ шоистаи эътироф аст. Мушкилот дар истилоҳ ва номи ин ё он усул нест, балки дар равандҳои педагогӣ- сохтор, идоракунӣ, муносибат ва дар маҷмӯъ низоми мавҷуда аст. Барои расидан ба салоҳиятҳо методология ва морфологияи низоми мазкурро таҷдиди назар кард, то ки дар қатори дигар равандҳо муносибат ба истифодаи методҳо тағйир ёбанд. Методологияи истифодаи таълими интерактивӣ ин ҳамкории муаллиму хонанда, шарикии хонанда дар интихоби мавод ва аз роҳи таҷриба гирифтани донишҳои нав, интихоби маводе, ки барои имрӯзу фардои хонанда созгор бошад ва салоҳияти муаллим роҳнамо, шарики ҳамкорӣ бо хонанда дар ташкили зиндагии имрӯзу фардои кӯдак аст. Муаллифон бо такя ба озмоишҳои педагогӣ собит менамоянд, ки  истифодаи маҷмӯи усулҳо аз вазъияти таълимӣ ва маҳорати (бароати) омӯзгор вобастагӣ дорад.Муаллифон ба тарики намуна методҳои хониш, навиштан, луғатомӯзӣ, лоиҳасози шарҳу тафсир дода, нақши онҳоро дар ташаккули салоҳиятҳо собит намудаанд.Барраси мавзӯъ муаллифонро ба хулоса меоварад, ки технологияи таълим ин маҷмӯи роҳу усулҳо барои моҳирона иҷро кардани вазифа ва мақсадҳои мушаххаси таълимӣ аст; ҳамаи усулҳо ба хотири фаъол кардани хонанда, барои гирифтани донишҳои зарурии дар амалия санҷидашуда, иштирокчии фаъол гардонидани хонанда дар истифадаи ин донишҳо мебошад; ҳама усулҳо дар ташаккул додани салоҳиятҳои коммуникативӣ, иҷтимоишавии хонанда, кор карда тавонистани ӯ бо иттилоот, технологияҳои иттилоотӣ, ташаккул додани қобилиятҳои таҳлилӣ, эҷодӣ ва ғайра ҳамрадифи якдигаранд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таълим, усул, метод, хонанда, омузгор, сифат, таълими интерактиви, салоҳият