МОДЕЛСОЗИИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ШАКЛГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25.Дадоҷонов Б.Ё..pdf)Дадоҷонов Б.Ё.МОДЕЛСОЗИИ КОМПЮТЕРӢ ДАР ШАКЛГИРИИ ФАЪОЛИЯТИ ТАЪЛИМӢ53

 


МУАЛЛИФ: Дадоҷонов Бобоҷон Ёқубҷонович, н.и.п., сармуаллими кафедраи умумидонишгоҳии информатикаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи моделсозии компютерӣ дар шаклгирии фаъолияти таълимӣ бахшида шудааст. Нишон дода шудааст, ки ташкили раванди таълим бо истифодаи компютер танҳо тавассути системаи махсуси масъалаҳои таълимӣ имконпазир аст. Ҷорӣ намудани усули мазкур воситаи самарабахшест барои беҳтар намудани сатҳи донишомўзии хонандагон ва ташаккул ёфтани шавқу рағбати устувори онҳо ба ҷараёни таълим. Зери мафҳуми масъалаи таълимӣ вазъияте дар назар аст, ки аз хонандагон дарёфт ва азхуд кардани роҳи умумии ҳалли масъалаҳои гуногуни мансуб ба гурўҳи муайянро талаб менамояд, ки ин дар навбати худ ба муайян намудани шартҳои ба вуҷуд омадани масъалаҳои додашуда водор мекунад. Пеш аз оғози вазъияти муайяни таълимӣ бояд вазифаҳои мушаххасе иҷро шаванд, ки дар ҷараёни иҷрои онҳо тарзи пешакӣ азхудшудаи амалиёти муайян ба кор бурда мешавад. Системаи масъалаҳои таълимӣ имконияти тақсимоти функсияҳои идоракуниро байни компютер ва хонанда фароҳам меоранд ва барои функсияҳои навро азхуд намудани хонанда дар ҷараёни таълим мусоидат карда, ба ин восита гузаришро аз омўзиш ба худомўзӣ таъмин менамоянд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фаъолияти таълимӣ, масъалаи таълимӣ, вазъияти таълимӣ, амалиёти таълимӣ, модел, амалиёти моделсозӣ, моделсозии компютерӣ