Рӯйхат 2023
САЛОҲИЯТИ ОМӮЗГОРИ ФИЗИКА ҲАНГОМИ ГУЗАРОНИДАНИ ТАҶРИБАҲО ВА МАВҚЕИ ОН ДАР РУШДИ ТАФАККУРИ ЭҶОДИИ ДОНИШҶӮЁН
МУАЛЛИФ: Бубиев Мумин Чоршанбиевич, н.и.п., дотсенти кафедраи методикаи таълими физикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав(Тоҷикистон, Бохтар)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола мулоҳизаҳо оид ба салоҳияти омӯзгори физика, баҳри баланд бардоштани савияи дониши муҳассилин, сатҳу сифати таълим, истифодаи технологияи муосири информатсионӣ баён гардидаанд. Қайд шудааст, ки дар тамоми машғулиятҳои фанни физика нақши таҷрибагузаронӣ дар фаъолнокии донишҷӯён хеле муассир буда, дар онҳо донишҳои техникиро тақвият мебахшад. Иброз гардидааст, ки таълими босалоҳият аз соли 2016 инҷониб дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаю олии педагогии кишвар омӯзонида шуда, барои рушди тафаккури эҷодии донишҷӯён заминаи хуб фароҳам меорад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муносибати босалоҳият, мушкили таҷҳизоти дарсӣ, методикаи таълими физика, усулҳои ҳавасмандкунӣ, такмили маҳорати касбӣ, маводҳои дидактикӣ, истифодаи технологияи информатсионӣ, тавсияҳо