ЛЕКСИЯ – КОНФЕРЕНСИЯИ МАТБУОТ ҲАМЧУН УСУЛИ НАВИ ТАЪЛИМ ДАР ТАҲСИЛОТИ ЖУРНАЛИСТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (21.Саидхоҷаева М.А..pdf)Саидхоҷаева М.А.ЛЕКСИЯ – КОНФЕРЕНСИЯИ МАТБУОТ ҲАМЧУН УСУЛИ НАВИ ТАЪЛИМ ДАР ТАҲСИЛОТИ ЖУРНАЛИСТӢ43

 


МУАЛЛИФ: Саидхоҷаева Маликахон Алиевна, н.и.ф., дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷумаи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба вижагиҳои истифодаи лексия – конференсияи матбуот ҳамчун усули нави таълим дар таҳсилоти журналистӣ бахшида шуда, муаллиф кӯшидааст дар бораи метод, махсусияти ин навъи лексия ва афзалияти корбурди он дар ҷараёни таълим ва тадриси фанҳои журналистика маълумот пешниҳод намояд. Қайд мешавад, ки лексия – конференсияи матбуот аз анвои лексия дарс маҳсуб ёфта, нақши асосиро дар омӯзиши донишҷӯёни риштаҳои омӯзгорӣ дорад ва истифода аз он дар давраи омӯзишӣ барои тасаллут бар бархе нукоти тахассусӣ, мурури мавзӯи мавриди баҳс дар дарс муносиб мебошад. Хулоса мешавад, ки маъруфтарин ва маъмултарин таснифоти анъанавии усулҳои таълим ин гурӯҳбандии методҳо аз рӯи манбаи азхудкунии дониш (манбаъҳои интиқол ва дарки иттилоот) мебошад, ки лексия – конференсияи матбуот аз анвои тозаи он ба ҳисоб меравад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

лексия – конференсияи матбуот, метод, таълим, иттилоот, воситаҳои таълим, фанҳои журналистӣ, муаллим ва толибилмон