Рӯйхат 2023
ОИД БА АСОСҲОИ МЕТОДИИ ТАЙЁРИИ ХАТМКУНАНДАГОНИ МАКТАБҲОИ МИЁНА БА ТАҲСИЛОТИ КАСБӢ
МУАЛЛИФ: Ризоев Эҳсонхон Саидович, номзади илмҳои педагогика, дотсенти кафедраи алгебра ва геометрияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б.Ѓафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллиф оид ба тайёрии хатмкунандагони мактабҳои миёна барои гирифтани таҳсилоти касбӣ ибрози андеша намудааст. Муаллиф ба ақидаи он аст, ки хатмкунандагони мактабҳои миёна дар масъалаи интихоби касб, бошуурона қабул кардани қарор оид ба касбинтихобкунӣ, дарки мазмуни таҳсилоти касбӣ ва самти амалии он на ҳамеша андешаҳои дуруст доранд. Дар ин самти ташаккули тасаввуроти хатмкунандагон оид ба таҳсилоти касбӣ муҳим арзёбӣ гардида, нақши муассисаҳои таълимӣ низ калон аст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
тайёрӣ, интихоби касб, таҳсилоти касбӣ, озмоиш, дониш, малака, касбият, худбаҳодиҳӣ