НАҚШИ СОХТОР, МАЪНО ВА ИСТИФОДА ДАР ОМӮЗИШИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ (Мубодилаи афкори навини таълимӣ барои такмили ихтисос)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (19.Ҳомидова М.Н..pdf)Ҳомидова М.Н.НАҚШИ СОХТОР, МАЪНО ВА ИСТИФОДА ДАР ОМӮЗИШИ ГРАММАТИКАИ ЗАБОНИ АНГЛИСӢ (Мубодилаи афкори навини таълимӣ барои такмили ихтисос)52

 


МУАЛЛИФ: Ҳомидова Мунира Нӯмоновна, н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи нақши сохтор, маъно ва истифода дар омӯзиши грамматикаи забони англисӣ бахшида шудааст. Мақола як навъ мубодилаи афкори навини таълимӣ барои такмили ихтисос маҳсуб меёбад.Дар он истилоҳи “cascading” шарҳ дода шуда, инчунин бартариҳои усули “cascading” барои омӯзгорони забони англисӣ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Мақола ба се ҷанбаи асосии грамматика – шакл, маъно ва истифода бахшида шуда, нишон медиҳад, ки чӣ тавр таълими ин се ҷузъи ҷудонашаванда ба омӯзгор кӯмак мерасонад, то ки донишҷӯён созмону таркибҳои грамматикиро хубтару беҳтар фаҳманд ва мушкилоти омӯзиши грамматикаро ба осонӣ паси сар намоянд. Инчунин муаллифи мақола ба омӯзгороне, ки нав ба таълими грамматикаи забони англисӣ шурӯъ карданд, тавсияҳои муфидро пешкаш кардааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

шакл, маъно, истифода, мушкилӣ, мураккаб, грамматикӣ, дониши ғайрифаъол ё беамал