Рӯйхат 2023
ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ ПЕДАГОГИИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ МАТЕМАТИКА
МУАЛЛИФ: Раҷабова Саодат Ҷамоловна, дотсент, мудири кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи информатсионии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров» (Тоҷикистон,Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба таҳлили назариявии масъалаи ташаккули фарҳанги педагогии омӯзгорони ояндаи математика бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки фарҳанги омӯзгорӣ ҳамчун категория дар шаклҳои гуногуни зуҳуроти худ нерӯи мустаҳками инкишофёбанда, эҷодӣ ва интегратсионӣ дорад. Илова бар ин, дар сохтори худ барои ташаккули малакаи ҳама гуна фаъолияти касбӣ заминаи умумӣ дорад, зеро он чандир ва инкишофёбанда буда, сифатҳои баланди мутобиқавиро дорост. Ин раванд ба ташаккули дониш, ҷузъҳои арзишӣ - муносибатӣ, рафтории фарҳанги педагогӣ изоморфӣ дорад. Муаллими ояндаи математика бо ин ҷузъҳои фарҳанги педагогӣ мусаллаҳ буда, бояд ташаккули шахсияти эҷодкорро таъмин намояд. Зеро он қобилияти интиқол ва мутобиқ кардани усулҳои фаъолият ба шароит ва ҳолатҳои гуногун, қобилияти муайян кардан, таҳлил ва пешгӯӣ кардани падидаҳо ва ҳолатҳо, тавсиф ва шарҳи онҳо, инчунин қобилияти банақшагирӣ, мустақилона тарҳрезӣ кардан ва анҷом додани фаъолияти касбии худ мебошад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
фарҳанги педагогӣ, салоҳияти касбӣ, муаллими ояндаи математика, дониш, малака, маҳорат, таҷриба