Рӯйхат 2023
ПРОБЛЕМАҲОИ ЭКОЛОГӢ ҲАМЧУН МУАММОИ СОҲАИ МАОРИФ ВА ҲАЛЛИ ОН
МУАЛЛИФ: Исматдинов Алишер Муҳамадович, муаллими кафедраи экология ва ҳифзи табиати МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ѓафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии проблемаҳои экологӣ ҳамчун муаммои соҳаи маориф ва ҳалли он ихтисос ёфтааст. Қайд карда мешавад, ки шароити кунунии пешрафт ва ҳамгироии илму-техника зарурияти объективии ҳамаратафа такмил додани рушди таълими экологӣ ва тарбияи одамон, ташаккули шуурнокии экологии фардӣ ва ҷамъиятиро тақозо дорад. Тазаккур меравад, ки тарбияи муносибати эҳтиёткорона ва оқилона ба муҳит, васеъ гардонидани дониш ва малакаи зарурӣ барои муҳофизат ва самаранок дигаргун сохтани муҳити атроф қисми ҷудонашавандаи низоми умумии таҳсилоти муосир шуда истодааст. Дар шароити муосир ҷиҳати дуруст роҳандозӣ нашудани муносибат бо табиат бе дониши қонунҳои табиат, дарки алоқаҳои мураккаби гуногунии мавҷудбуда дар биосфера, бе пешгўии оқибатҳои бо зўрӣ ва кўр – кўрона муносабат кардани одам дар ин алоқаҳо ва таъсири ҷамъият ба табиат дар умум, ѓайри имкон аст. Дар рафти ташаккул ва инкишоф додани истеҳсолоти моддӣ, ки миқёси он таҳти таъсири инқилоби илмию генологӣ якбора афзудааст, фаъолияти табиатофаринии инсон аз имкониятҳои худтанзимкунии низомҳои табиӣ зиёд гардида, хавфи фалокати глобалии экологиро ба миён овард, ки дар ин бора таҳқиқотҳои зиёд дар соҳаи фалсафаи бўҳрони экологӣ шаҳодат медиҳад. Муаллифи мақола асосан омодагии донишҷўёни муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбиро, ҳамчун ташаккули омодагӣ ба ҳамкории мутаносиби шахсӣ бо табиат муайян карда, вазифаи асосии муассисаҳои таълимии олиро муносибати аниқ ба фаҳмиш ва шиносои кардани донишҷўён ба ҳалли муаммои глобалии экологӣ ва дарёфти роҳҳои баромадан аз вазъияти ба амаломада, бо мақсади ташаккули ҷаҳонбинии экологии омўзгорони оянда намудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
биосфера, ҷамъият,тарбия, муҳит, муҳофизат, шуурнокии экологӣ, экология, стратегия, бўҳрони экологӣ, низомҳои табиӣ