Рӯйхат 2023
НАҚШИ ОИЛА ДАР ТАШАККУЛИ ШАХСИЯТИ КЎДАК
МУАЛЛИФ: Салимзода Мадинахон Қодир, дотсенти кафедраи Забони давлатӣ ва фанҳои ҷамъиятии ДПДТТ ба номи акад. М.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола оид ба нақши оила ва падару модар, барои ҳамчун шахсият ташаккул ёфтани кўдак, вазифаҳои оила, омилҳои таъсиррасон дар раванди тарбияи фарзанд мавриди баррасӣ қарор дода шудаанд.Қайд мешавад, ки муҳити равонии хонавода яке аз муҳимтарин шароити шаклгирии шахсияти кӯдак ба ҳисоб рафта, вай аз рӯзи таваллуди худ таҳти таъсири наздикони хеш қарор мегирад.Кӯдак аз аъзои хонавода иттилооти аввалияро дар мавридҳои ҳанҷоршои рафторӣ дар ҷомеъа ба даст меорад, барои аввалин бор бо хубу бад, робита бо калонсолон ва вазифаҳояш ошно мешавад.Мақола дорои аҳамияти таълимию тарбиявӣ буда, таваҷҷўҳи омўзгорону волидайнро дар ҷараёни таълим ва тарбияи насли наврас, барои мукаммал шудани дониш аз ҷониби нафароне, ки наврасро дар ин марҳилаи ҳассос ҳамроҳӣ мекунанд, тариқи омўзиш ва ба назар гирифтани назарияи пешниҳод шудаи педагогҳо ва равоншиносони машҳур, аз ҷумла Ж.Ж. Руссо, В.Сухомлинский, И.А Герасимова., Л.С. Виготский ва З.Фрейд ҷалб менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
таълим, тарбия, ҷараёни тарбия дар оила, волидон, ҳокимияти волидон, вазифаҳои оила, муносибатҳои оилавӣ, ташаккулёбии шахсияти кўдак, омилҳои ташаккулёбии шахсияти кўдак