АҲАМИЯТИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (15.Мирзабоев З.З..pdf)Мирзабоев З.З.АҲАМИЯТИ ФАНҲОИ ТАХАССУСӢ ДАР ТАЙЁР КАРДАНИ МУАЛЛИМИ ОЯНДАИ САНЪАТИ ТАСВИРӢ40

 


МУАЛЛИФ: Мирзабоев Зикрилло Зиёдуллоевич, н.и.п., дотсенти кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълими МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаи мавқеи масъалаи мавқеи фанҳои тахассусӣ барои дар сатҳи матлуб омода намудани омӯзгорони ояндаи санъати тасвирӣ. Барраси шудааст, зикр шудааст, ки барои баланд бардоштани самаранокии таълими расмкашӣ, наққошӣ ва композитсия дар блоки фанҳои касбӣ дар барномаи таълимӣ ташкили эҷодиёти мустақилонаи донишҷӯён яке аз вазифаҳои муҳим мебошад, ки бо санаду далелҳои ҷиддӣ тасдиқ шудааст. Масъалаи ташаккули маҳорати эҷодии омӯзгорони ояндаи санъати тасвирӣ тавассути фанҳои тахассусӣ яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад ва равишҳои татбиқи онҳо нишон дода шудааст. Муаллиф аҳамияти дарсҳои тахассусиро, ки ба талабагон асосҳои тасвирро омӯзонида фаъолияти эҷодии онҳоро ҳамаҷониба такомул медиҳад, ба фаҳмидан ва эҳсос кардани зебоии табиат ва санъат ёрӣ мерасонад ва муносибати эстетикии талабагонро нисбат ба ҳодисоти муҳити атроф ташаккул медиҳад, баён доштааст. Масъалаи тайёр намудани мухатассисони баланихтисос яке аз самтҳои муҳимтарини ислоҳоти муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ маҳсуб меёбад, ки бо далелҳо нишон дода шудааст. Нақшаҳои таълимии факултетҳо ва кафедраҳое, ки педагогҳои соҳаи санъати тасвирӣ ва накшакашӣ барои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ тайёр мекунанд, сохтори блоки фанхои касбӣ ва методикаи таълими фанҳоро таҳлил карда шудааст. Дар самаранок ташкил кардани дарсҳои тахассусӣ услубҳои гуногун истифода бурда шудааст. Роҳҳои ташаккули фаъолияти эҷодии шахсияти омӯзгори санъати тасвирӣ, инчунин таҷрибаи ҳалли амалии ин мушкилот дар донишгоҳҳои педагогӣ баррасӣ гардидааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

санъати тасвирӣ, рассом, тарбия, педагог, метод, тахайюли эҷодӣ, инкишоф, шуур, осорхона, экскурсия, идроки зебоипарастӣ, қобилият, маҳорати касбӣ