ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМЎЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР МУҲИТИ ГУНОГУНФАРҲАНГӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (14.Қодирова М.А..pdf)Қодирова М.А.ТАШАККУЛИ МАЛАКАИ ЗАБОНОМЎЗИИ МАКТАББАЧАГОНИ ХУРДСОЛ ДАР МУҲИТИ ГУНОГУНФАРҲАНГӢ 46

 


МУАЛЛИФ: Қодирова Муҳайё Абдуҷабборовна, сармуаллимаи кафедраи назария ва методикаи таълими забони модарии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола оид ба роҳҳои асосии рушди таълими забони модарӣ дар зинаи таҳсилоти умумии муосир, ба инсонгароии  мундариҷаи таълим дар асоси ѓояҳои худшиносии шахсияти хонанда, ҳуқуқи ӯ ба худмуайянкунӣ, татбиқи пурраи қобилият ва қонеъ гардондани талаботи омӯзиш бахшида шудааст. Шинохти инсон ҳамчун арзиши олӣ, дарки афзалияти ҷаҳони ботинии ӯ, кашф ва таъмини фаъолияти асосиву эҷодкорӣ, фароҳам овардани шароити муносиби ошкор кардани қобилият, талабот ва имконият, таъмини ҳамоҳангӣ бо худ ва ҷомеа, аз синни хурди мактабӣ дарки маънои  инсонгароии фаъолияти омӯзгорӣ ва ѓайра мавриди таҳқиқи муаллиф қарор гирифтааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тамаддун, гуногунфарҳангӣ, муҳити таълимии бисёрфарҳангӣ, арзишҳои умумибашарӣ, малакаи забономўзӣ, падидаи бисёрфарҳангӣ