ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВӢ(ЭЛЕКТРОНӢ) ҲАМЧУН УСУЛИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ (дар мисоли таълими фанни физика)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (23.Олимӣ А.Р..pdf)Олимӣ А.Р.ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ТАХТАИ ИНТЕРАКТИВӢ(ЭЛЕКТРОНӢ) ҲАМЧУН УСУЛИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ (дар мисоли таълими фанни физика)57

 


МУАЛЛИФ: Олимӣ Ашуралӣ Рамазон, н.и.ф.-м., дотсенти кафедраи физикаи Донишгоҳи давлатии Данѓара, (Тоҷикистон,Данѓара)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақсади асосии мақола баррасии ҷорӣ намудани технологияҳои компютерӣ аз ҷумла истифодаи тахтаҳои интерактивӣ электронӣ дар раванди таълим дар таълими фанни физика, афзалиятҳо ва мушкилотҳои онҳо, инчунин муайян намудани вазифаҳои асосии истифодаи компютер дар дарсҳои физика мебошад. Дар вақти муайян кардани вазифаҳои асосӣ ба муносибати донишҷӯён дар таълими физика бо истифода аз компютер ва тахтаҳои интерактивӣ, диқати махсус дода мешавад.Самти асосии таълими физика ин тайёр кардани хатмкунандаи рақобатпазире мебошад, ки технологияҳои нави иттилоотиро хуб медонад ва инчунин нишон медиҳад, ки чӣ гуна ҷорӣ намудани технологияҳои компютерӣ дар раванди таълим, сифати таълим, аз худ намудани бисёр қонунҳои бунёдии физика ва истифодаи васеъи технологияи таълимро беҳтар мекунад.Дар ҷомеъаи имруза, навсозии самти маориф ниёз ба тайёр кардани омӯзгоре зиёд шудааст, ки тавонад мазмуни фаъолияти омӯзгории худро тавассути таҳия ва татбиқи дастовардҳои илм ва навовариҳои пешқадами педагогӣ навсозӣ кунад. Марҳилаи имрӯзаи амалияи педагогӣ ин гузариш аз технологияи иттилоотию фаҳмондадиҳии таълим ба фаъолияти инкишофдиҳанда яъне технологияҳои компютерии навин мебошад, ки доираи васеи сифатҳои шахсии донишҷӯёнро ташкил медиҳад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

компютер, озмоишгоҳ, виртуалӣ, моделсозӣ, физика, техника, барнома, интерактивӣ,тахта, фишор, график, призентатсия