Рӯйхат 2023
ИНКИШОФИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКА ДАР ТОҶИКИСТОН (2007-2017)
МУАЛЛИФ: Абдуҳакимова Мунзифа Соҳибовна, унвонҷӯи кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДБҲСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дaр мaқoлa мaсъaлaи инкишофи соҳаи энергетика дар Тоҷикистон дар давоми солҳои 2007-2017 мавриди омӯзиш қарор гирифтааст. Тазаккур меравад, ки расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳадафи стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Қайд мешавад, ки баъд аз он, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз содир намудани қувваи барқ ба Тоҷикистон даст кашид, ин масъала ба яке аз масъалаҳои доғ табдил ёфт. Дар давоми солҳои 2007-2017 лоиҳаҳои зиёде дар соҳаи энергетика амалӣ гардиданд, ки барои расидан ба истиқлолияти комили энергетикӣ мусоидат намуданд. Дар ҷодаи татбиқи лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ дар Тоҷикистон монеаҳои дохилию хориҷӣ зиёд буданд. Қатъи назар аз ин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист дар ҳалли масъалаи таъмини қувваи барқ қадамҳои устувор гузорад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
нeрӯгoҳ, НБO, қуввaи бaрқ, энeргeтикa, Ҷумҳурии Тoҷикистoн, сaрбaнд, сoхтмoн, Вaхш