МОҲИЯТИ ТАЪРИХИИ МАКТАБИ МАҚОМСАРОИ ВОҲАИ ХУҶАНД ВА ТАЪСИРИ ОН БА МАНОТИҚИ ҲАМҶАВОР

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (5.Убайдуллоев С.Г.pdf)Убайдуллоев С.Г.МОҲИЯТИ ТАЪРИХИИ МАКТАБИ МАҚОМСАРОИ ВОҲАИ ХУҶАНД ВА ТАЪСИРИ ОН БА МАНОТИҚИ ҲАМҶАВОР50

 


МУАЛЛИФ: Убайдуллоев Сайдулла Гайбуллаевич, дотсент, унвонҷўи кафедраи мусиқии суннатии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи моҳияти таърихии мактаби мақомсароии Хуҷанд ва таъсири он ба рушди мақомсароӣ дар манотиқи ҳамҷавори он бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар натиҷаи роҳ ёфтани анъанаҳои мусиқии мардумӣ ба ашъори классикии тоҷикӣ ва дар дарбори хонҳо васеъ паҳн гардидани назми форсии тоҷикӣ, маъмул гардидани ҳунари танбурнавозӣ, таъсиси устохонаҳои созтарошӣ, ба вуҷуд омадани рақобати эҷодӣ, баробари мактабҳои хусусии ҳунарҳои мардумӣ таъсиси мактаби «устод-шогирд» ба ташаккули мактаби мақомсароии Хуҷанд ва гирду атрофи он мусоидат намудааст.Тазаккур меравад, ки ташаккули мактаби мақомсароии воҳаи Хуҷанд ба нимаи дувуми асри ХIХ ва аввали асри ХХ мансуб аст. Ҳаққи устодӣ доштани ҳофизони барҷастаи ҳамон замон – Худойбердӣ Ҳофиз(Зебопарӣ), Умар Ҳофиз ва Содирхон Ҳофиз ба аксар мақомсароёни Исфара, Хуҷанд, Тошканд, Фарғона, Марғилон собит гардидааст. Қайд мешавад, ки маҳз дар натиҷаи интиқоли анъанаҳои касбӣ бо мактабҳои мақомсароии манотиқи ҳамҷавор, мактабҳои илмӣ ва амалии мусиқӣ сурат гирифтааст, ки он тавассути усули «устод-шогирд» амалӣ гардида, барои идома ёфтани анъанаҳои бисёрасраи фарҳанги мусиқии тоҷик ташаккули хусусиятҳои мусиқии классикӣ мусоидат намуд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мактаби мақомсароии Хуҷанд, анъанаҳои мусиқии ҳирфаӣ, мактаби «устод-шогирд», ҳофизони барҷастаи Хуҷанд, фарҳанги мусиқии тоҷик