Рӯйхат 2023
ТАРТИБИ МАШРӮЪИЯТ БАХШИДАН БА ҲУҚУҚИ МУҲАММАД АМИН ВА АБДУЛЛОҲ МАЪМУН БА ТАХТИ ХИЛОФАТИ БАҒДОД (ҶАНБАИ САРЧАШМАШИНОСӢ)
МУАЛЛИФ: Ҳусенов Фаррух Раҳимович, н.и.т., дотсент, мудири кафедраи археология, этнография ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола муаллиф дар асоси асарҳои муаррихони арабу мусулмон – Табарӣ, Масъудӣ, Ибни Асир ва инчунин натиҷаи таҳқиқотҳои шарқшиносон Х. Кеннеди ва И.М. Филштинский тартиби машрӯъият бахшидан ба ҳуқуқҳои валиаҳдии фарзандони халифаи Бағдод Ҳорунаррашид – Муҳаммад Амин ва Абдуллоҳ Маъмунро таҳлил намудааст. Таъкид карда мешавад, ки халифаҳои аббосии аввал ду валиаҳд таъин мекарданд. Ҳуқуқҳои онҳо баъд аз қабули савганди вафодории намояндагони сулолаи Аббосӣ, дарбориён ва сарлашкарон қонунӣ ҳисобида мешуд. Муаллиф таъсири асли модарии Амин ва Маъмунро ба қарори Ҳорунаррашид баррасӣ намудааст. Қайд карда шудааст, ки Ҳорунаррашид аввалин халифае гардид, ки се нафар валиаҳд таъин намуд ва аз ду нафари аввал ӯҳдадории хаттӣ, ҳамчун аҳднома барои ҳокимият қабул намуд, ки он бо қасам дар ҳузур ва шоҳидии намояндагони рӯҳонӣ ва сиёсии олимақоми Хилофат дар шаҳри муқаддаси Макка тасдиқ карда шудааст. Сабабҳои чунин муносибати Ҳорунаррашид ба кори батартибории ҳуқуқи валиаҳдӣ баррасӣ гардидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Хилофати аббосӣ, ворисияти бонавбати тахт, ӯҳдадории хаттӣ, cавганди вафодорӣ, довталаб