САРЧАШМАҲОИ ХАТТӢ ОИДИ ТАЪРИХИ ХОНИГАРИИ ҚЎҚАНД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (3. Набизода М.С.,Турсунов Б.Р..pdf)Набизода М.С., Турсунов Б.Р.САРЧАШМАҲОИ ХАТТӢ ОИДИ ТАЪРИХИ ХОНИГАРИИ ҚЎҚАНД72

 


МУАЛЛИФ: Набизода Мирзотоҳир Сайфидиннит, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ ва дин; Турсунов Бўстон Раҳмонович, д.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола аҳамияти маъхазҳои хаттӣ ,ки онро бо ягон сарчашмаи дигар иваз кардан мумкин нест, дар таҳқиқи воқеаҳои таърихӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Аз ҷумла, оид ба таърихи хонигарии Қӯқанд даҳҳо сарчашмаи хаттии муаллифони Осиёи Миёна мавҷуданд, ки баъзе аз онҳо дар шакли манзум навишта шудаанд. Қайд карда мешавад, ки объективияти муаллифон ҳангоми тавсифи ҷараёни воқеаҳо барои таърихшинос муҳим аст. Тавсифи чанд маъхази хаттӣ, аз чумла осори Андалеб, Шавқӣ, Имомалӣ Кундузи Комӣ, Мирзо Шамсиддин доии Бухороӣ, ки дар онҳо маълумот дар бораи таърихи хонигарии Қӯқанд, ҳокимони хонигарӣ, шаҳрҳои калон ва нуқтаҳои аҳолинишин ва ғайра, мавҷуданд, оварда шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

асарҳои манзум, Мутриб, Андалеб, солномаҳои таърихии Қўқанд, маълумот дар бораи ҳокимони хонигарӣ, шаҳрҳои калон ва нуқтаҳои аҳолинишин, Зомин, Ўротеппа, Хуҷанд, Қароқчиқум