Рӯйхат 2023
ҲАЁТИ МУСИҚИИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОЛҲОИ ҶАНГИ БУЗУРГИ ВАТАНӢ
МУАЛЛИФ: Ҳасанова Манзура Муҳиддиновна, н.и.т., ходими калони Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АМИТ(Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола ҳаёти мусиқииТоҷикистон, ки дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941—1945) чун дар тамоми давлати советӣ, фаъол буд, баррасӣ мешавад. Тазаккур меравад, ки аз рўзҳои аввали ҷанг бастакорон, рассомон ва мутрибон тамоми фаъолияти эҷодӣ ва меҳнатии худро барои пирӯзӣ бар Германияи фашистӣ равона кардаанд. Он солҳо ба Душанбе гурӯҳҳои зиёди эҷодӣ аз ғарби кишвари собиқ шӯравӣ, ҷое, ки ҷанг дар ҷараён буд, кӯчонида шуданд. Қайд мешавад, ки ҳунарпешагон ва коллективҳои ҳунарии маҳаллӣ бо вуҷуди сахттарин шароити зиндагӣ талош менамуданд, ки диловарона меҳнат карда, маблағи аз консерту спектаклҳо ба даст овардашударо ба фонди ғалаба мегузарониданд. Аз маводи омӯхташуда чунин бармеояд, ки коркунони ҳунари мусиқии Тоҷикистон ба Ғалабаи бузург ҳиссаи худро гузоштаанд
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Ҷанги Бузурги Ватанӣ, театр, спектакл, Тоҷикистон, ҳаёти мусиқӣ, опера, балет, консерт