НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (1.Розикзода А.Ш..pdf)Розиқзода А.Ш.НАҚШИ УСТОД АЙНӢ ДАР ТАРБИЯИ ОЛИМОНИ ҶАВОН52

 


МУАЛЛИФ: Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ, доктори илмҳои таърих, профессор, раиси МД “КОА-и назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии нақши устод С.Айнӣ дар тарбияи олимони ҷавон ва раҳнамоии онҳо барои таҳқиқи масъалаҳои илмӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки устод Айнӣ дар баробари як адиби забардаст буданаш, ҳамчун яке аз саромадони илму таҳқиқи тоҷик соҳиби мактаби хоси илмиву адабӣ буда, дар тарбияи адибону нависандагон, рӯзноманигорон ва умуман аҳли илму пажӯҳиш саҳми бузург гузоштааст.Тазаккур меравад, ки тамоми рӯзгор ва осори устод Айнӣ барои шоирону нависандагон, адабиётшиносону забоншиносон, таърихшинсон ва олимони ҷавон дар роҳи илм мактаби бузурги омӯзиш ва таҷриба маҳсуб меёбад.Ишора мешавад, ки дар солҳои 30-50-уми асри ХХ унвонҷӯёну аспирантони зиёде, монанди Н.Раҳимов,С.Табаров, М.Шукуров, Р.Ҳодизода, ба устод Айнӣ, доир ба паҳлӯҳои гуногуни мавзӯъҳои илмию тадқиқотии худ, бевосита ва ё тавассути мактуб муроҷиат намуда, маслиҳату машваратҳои судманд гирифтаанд. Ҳамчунин устод Айнӣ бо тақризҳои илмиаш ба диссертатсияҳои олимони ҷавон дар тайёр намудани кадрҳои ҷавони илмӣ хидмат намудааст. Хулоса мешавад, ки аз мактаби илмӣ ва таҷрибаи пажӯҳишгарии устод Айнӣ дар солҳои 30-50-уми асри гузашта даҳҳо нафар олими ҷавони тоҷик сабақ бардошта, бо роҳнамоиву машваратҳои мустақими устод ба роҳи илм қадам ниҳодаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Айнӣ, мактаби илмии Айнӣ, адабиётшиносон, забоншиносон, таърихшинсон, олимони ҷавон