ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ФАРҲАНГИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНӢ (с.1929-1941)

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (7.Ганҷакова М.Г..pdf)Ганҷакова М.Г.ИНЪИКОСИ МАСОИЛИ ФАРҲАНГИИ ҶШС ТОҶИКИСТОН ДАР ТАЪРИХНИГОРИИ ВАТАНӢ (с.1929-1941) 41

 


МУАЛЛИФ: Ганҷакова Матлуба Ганҷаковна, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ (Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 3(76).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Муаллиф дар мақола мубрамияти тадқиқи таърихи масъалаҳои фарҳангии пешазҷангии ҶШС Тоҷикистонро бо истифодаи осори муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ дар таърихнигории муосир таҳлил намудааст. Дар масоили мазкур як қатор таҳқиқоти илмӣ дар замони шўравӣ ва соҳибистиқлолӣ ба анҷом расонида шудаанд, ки ҷанбаҳои гуногуни фарҳанги Тоҷикистони шўравиро дар бар мегиранд. Аз мазмуни осори таҳқиқгардида маълум мегардад, ки дар панҷсолаҳои пешазҷангӣ фаъолияти муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, санъат, илм, матбуот, адабиёт ва маориф рў ба тараққӣ меорад. Хусусияти хоси таҳқиқоти анҷомёфта дар он ифода меёбад, ки масъалагузории муҳаққиқон паҳлуҳои гуногуни фарҳанги ҷумҳуриро мувофиқи доираҳои хронологии муайян фаро гирифта, то андозае натиҷа ва навгониҳои асоснок пайдо намудаанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таърих, фарҳанг, таърихнигории муосир, муассисаҳои маданию равшаннамоӣ, санъат, илм, маориф, адабиёт, матбуот