ШЕВАҲОИ НАҚД ДАР ТАЗКИРАИ “РИЁЗ- УШ- ШУАРО”-И ВОЛАИ ДОҒИСТОНӢ

{attahmentcs}

 


МУАЛЛИФ: Абдуллоев    Ромезҷон    Холмӯминович,    н.и.ф., дотсент,  сардори  раёсати  илм ва инноватсияи МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳлилу баррасии яке аз масъалаҳои муҳими нақду сухансанҷӣ- шеваҳои корбасти афкори интиқодӣ дар тазкираи «Риёз-уш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки муаллифи тазкираи «Риёз-уш-шуаро» ба масъалаҳои нақд бештар таваҷҷӯҳ доштааст ва ҳамин омил боис шудааст, ки яке аз рисолаҳои арзишманди нақди адабии шибҳи қораи Ҳинд – “Танбеҳ-ул-ғофилин”-и Сироҷиддин Алихони Орзу ба таври комил дар тазкираи мазкур зикр шавад. Тазаккур меёбад, ки «Риёз-уш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ аз лиҳози баррасии ашъори суханварону шоирон, арзёбии арзишҳои ҳунарии онҳо, баҳогузорӣ ба ашъори ҳамдигар ва дар маҷмӯъ, муносибату мубориза, ҳамкориву интиқодҳо афзалияти бештар касб кардааст.Таҳлили масоили мазкур нишон медиҳад, ки  Волаи Доғистонӣ ҳамчун  тазкиранавис, суханвари тавоно дар фазои нақду баҳогузории ашъори суханварон саҳми назаррас гузоштааст.Хулоса мешавад, ки тазкираи «Риёз-уш-шуаро»-и Волаи Доғистонӣ ҳамчун  сарчашмаи нақду сухансанҷӣ дар инкишофи афкори интиқодӣ дар  шибҳи қораи Ҳинд хидмат намудааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Волаи Доғистонӣ, “Риёз-уш-шуаро”, мунаққид, нақди шеър, интиқоди суханварони гузашта ва муосир, интисоби тазкира

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (33.Абдуллоев Р.Х..pdf)Абдуллоев Р.Х.ШЕВАҲОИ НАҚД ДАР ТАЗКИРАИ “РИЁЗ- УШ- ШУАРО”-И ВОЛАИ ДОҒИСТОНӢ55