ШАРҲИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ БА ҚАСИДАИ ИБНИ ФОРИЗ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (34.Мирзоев С.Х..pdf)34.Мирзоев С.Х.'ШАРҲИ СОИНУДДИНИ ХУҶАНДӢ БА ҚАСИДАИ ИБНИ ФОРИЗ4

 


МУАЛЛИФ: Мирзоев Садриддин Холович, дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики “ДДХ  ба номи акад. Б.Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба таҳқиқу баррасии арзиши бадеии тоҷикӣ ва арабии Соинуддини Хуҷандӣ ба қасидаи «Назм-уд-дурар» - и  шоири  маъруфи араб Ибни Фориз  бахшида шудааст. Зикр гардидаст, ки Хоҷа Соин 760 байти қасидаи «Назм-уд-дурар» - и Ибни Форизро бо усули таҳлили байт ба байт  шарҳу тавзеҳ карда, дар ҳар  фурсате оёти қуръонӣ, аҳодиси набавӣ  оварда, сипас онро тарҷумаву тафсир мекунад ва аз ашъори  бузургони форсигӯй ва арабигӯй дар  хилоли  наср абёте ба ҳайси шоҳид меорад, ки ба оят ва ҳадис иртиботи мантиқӣ дорад. Таъкид шудааст, ки Соинуддини Хуҷандӣ  дар баробари нависан даи чирадаст  будан,  дар шарҳу тафсири осори ирфонӣ ва тарҷумаи мутуни маъруфи  адабиёти  арабизабон ҳам дасти тавоно доштааст.Шарҳи бар “Назм-уд-дурар ” нигоштаи Соинуддини Хуҷандӣ аз муҳимтарин  шурӯҳтест, ки бар ин қасида навишта шуда худи  нависанда ба масобаи беҳтарин донандаи шеър ва орои Ибни Фориз   мебошад.Шарҳу тавзеҳи  мусталеҳоти хосаи ирфониву фалсафии қасидаи “Назм- уд-дурар”,  ки аз ҷониби Хоҷа Соинуддин анҷом дода шудааст , ӯро ҳамчун шореҳи хуби осори адабиву  ирфонӣ муаррифӣ менамояд

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Соинуддини Хуҷандӣ, шарҳу тавзеҳ, ашъори Ибни Фориз,  қасида, адабиёти форсии тоҷикӣ ва арабӣ