“АҲДИ АРДАШЕР” – ҚАДИМИТАРИН АНДАРЗНОМАИ ТОИСЛОМИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (32.Зоиров Ҳ.З..pdf)32.Зоиров Ҳ.З.“АҲДИ АРДАШЕР” – ҚАДИМИТАРИН АНДАРЗНОМАИ ТОИСЛОМИИ ФОРСӢ-ТОҶИКӢ'3

 


МУАЛЛИФ: Зоиров Ҳалимҷон Зоҳидҷонович, номзади илмҳои филология, дотсенти МДТ «ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров» (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола қадимитарин андарзномаи тоисломӣ «Аҳди Ардашер»  баррасӣ шудааст. Тазаккур меравад, ки Ардашери Бобакон – шоҳаншоҳи маъруфи сосонӣ, ин андарзномаро ба шоҳони баъдии худ навиштааст. Хотирнишон мешавад, ки асли ин аҳднома мутааллиқ ба оғози давраи Сосониён буда,  минбаъд матолибе бар асли он афзуда ва ё аз он кам шудааст. Қайд мегардад, ки асли ин андарзнома, ки ба забони паҳлавӣ аст, аз байн рафта, чанд нусха аз тарҷумаҳои арабии он тавассути сарчашмаҳои арабӣ то замони мо расидаанд. Муаллифи мақола бо такя ба сарчашмаҳои арабии қарнҳои аввали даврони исломӣ аҳамияти адабӣ, ахлоқӣ ва сиёсии ин андарзномаро баён дошта, таъсиргузории онро ба аҳдномаҳои шоҳони Сосонӣ ва номаҳои дабирони девон изҳор намудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Сосониён, Ардашери Бобакон, “Аҳди Ардашер”, “Таҷориб-ул-умам”, “Муруҷ-уз-заҳаб”, “Шоҳнома”, Ибни Надим, Ҷаҳшиёрӣ, Эҳсон Аббос