Рӯйхат 2023
НУФУЗИ МАЪНАВӢ ВА ҲУНАРИИ КАМОЛИ ХУҶАНДӢ БА АЛИШЕР НАВОӢ
МУАЛЛИФ: Мақсудзода Бадриддин, доктори илмҳои филология профессори кафедраи таърихи адабиёти тоҷики Донишгоҳи миллии Тоҷикистон(Тоҷикистон, Душанбе)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола дар хусуси таъсири маънавӣ ва ҳунарии Камоли Хуҷандӣ (ваф.1400-1401) ба Мир Низомуддин Алишер Навоӣ (1441–1501) баҳс мекунад. Бо такя ба суханони худи Навоӣ (дар “Хамсат-ул-мутаҳаййирин”, “Муҳокимат-ул-луғатайн”) ва адибони ҳамасраш (мисли Хондамир дар “Макорим-ул-ахлоқ”) муайян карда мешавад, ки ӯ аз синни хурдсолӣ дар мактаби бузурги шеъру адаби форсии тоҷикӣ тарбият ёфта, ҳамчун донандаи хурдбини назокатҳои шеъри форсӣ машҳур гаштааст. Ҳамин воқеият аст, ки Навоӣ аксари кулли осори худро дар партави адабиёти муҳташами форсии тоҷикӣ эҷод кардааст. Аз ҷумла, муаллифи мақола дар сурудани ғазал таъсир доштани ашъори Камоли Хуҷандиро бар ғазалиёти Навоӣ ошкор мекунад. Аксари муҳаққиқон он байти машҳури туркии Навоӣ:
Оразин ёпғач кузимдин сочилур ҳар лаҳза ёш,
Ӯйлаким пайдо булур юлдуз, ниҳон бӯлғач Қуёш
ки дар як ғазалаш овардааст, тарҷумаи байти зери Камол донистаанд:
То рух напӯшӣ кай шавад аз дида ашки мо равон,
Пинҳон нагашта Офтоб ахтар намеояд бурун.
Дар мақола кӯшиши асосӣ бар он равона шудааст, ки ғалат будани ин ақида ба субут расонида шавад. Бо далелҳои маҳкам ҷой доштани умумият ва фарқҳои сатҳи ҳунарии абёти мазкури ҳар ду шоир ошкор карда мешавад. Дар ин росто бо истифода аз равиши шаклгароӣ дар меҳварҳои гуногуни забонӣ ҷой доштани дараҷаи инҳироф аз норма ва ошноизудоии ҳунарӣ кардани шоирони номбурда ва билохира тағайюроти ҳунарсозаҳои абёти ин шоирон ба таври муфассал нишон дода мешавад. Аз ҷумла, тафовутҳои ҳунарсозаҳо аз нигоҳи меъмории забони шоирона (сохтори овоӣ, наҳвӣ, луғавӣ, тобишҳои маъноии калимот, орояҳои бадеӣ, нағмаи ҳуруф, оҳанги умумии нутқи бадеӣ, ҳузури отифа...) таҷзия ва таҳлил карда мешаванд. Бо ҳамин ҳунари Навоӣ дар ҷони тоза бахшидан ба ҳунарсозаи нисбатан масдуди Камол бо мушаххас кардани фактҳо матраҳ карда мешавад. Муаллиф дурустии мавқеи худро бо овардани андешаҳои суханшиносони маъруфи гузаштаву муосир тақвият бахшидааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
Навоӣ, Камол, ғазал, таъсир, тафовут, ошноизудоӣ, тарҷума, ҳунарсоза