ИСТИФОДАНИ УСУЛИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ДОНИШГОҲ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (27.Бобоҷонова С.Р..pdf)Бобоҷонова С.Р.ИСТИФОДАНИ УСУЛИ ИНТЕРАКТИВИИ ТАЪЛИМ ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМИ ДОНИШГОҲ83

 


МУАЛЛИФ: Бобоҷонова  Саломат  Раҳимҷоновна, сармуаллими  кафедраи  ҳуқуқшиносии  факултети таърих  ва  ҳуқуқи    МДТ  “ДДХ  ба  номи  акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз масъалаҳои асосӣ ва муҳими педагогикаи муосир бахшида шуда, дар он усулҳои фаъол ва интерактивии таълим мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Дар мақола аҳамияти усулҳои интерактивӣ дар ташаккули мутахассиси рақобатпазир, инчунин нақши омӯзгор дар ташкили омӯзиши фаъол нишон дода шудааст. Дар низоми таҳсилоти олии касбӣ аҳамияти амалии истифодаи чунин усулҳо ба монанди мубоҳиса, бозии тиҷоратӣ, марҳилаҳои кейс, усули таҳлили ҳолатҳои мушаххас ва ғайра ба назар гирифта шудааст.Муаллиф аҳамияти истифодаи усулҳои фаъол ва интерактивиро дар ташаккули дониш, малака ва маҳорати хонандагон нишон дода, самтҳои асосии рушди таҳсилоти касбии муосир ва воситаҳои самараноки тайёр кардани мутахассисони соҳибихтисосро пешниҳод менамояд.Натиҷаи омӯзиши интерактивӣ барои донишҷӯ таҷрибаи бомуваффақият аз худ кардани маводи таълимӣ, азхуд кардани таҷрибаи нави ҳамкории таълимӣ мебошад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

рақобатпазирӣ, усулҳои интерактивии таълим, мисол, мубоҳиса, бозии корӣ, раванди таълим, мутахассиси оянда