Рӯйхат 2023
РОҲҲОИ ТАТБИҚИ АМСИЛАСОЗИИ КОМПЮТЕРИИ МАСЪАЛАҲО АЗ КИНЕМАТИКА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Мухторов Лутфулло Тахирович, саромӯзгори кафедраи технологияи иттилоотӣ ва фанҳои физ.-мат.филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар ш.Исфара; Абдуманонова Фируза Абдуалиевна, омӯзгори факултаи Инноватсия ва телекоммуникатсияи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола имкониятҳои моделсозии масъалаҳои кинематика дар муҳити барномасозии VBA баррасӣ мешавад. Қайд карда мешавад, ки барномаи VBA Excel салоҳияти вижае дар ҳалли масъалаҳои физикӣ ва тарроҳии фарояндҳои физикӣ дорад. Таҳлили китобҳои дарсӣ ва таҷрибаи таълими забони барномасозии VBA Excel дар филиали исфарагии Донишгоҳи технологии Точикистон собит сохт, ки на ҳама омӯзгорони донишгоҳҳои технологии кишвар ва донишҷӯён аз имконоти барномаи VBA Excel дар ҳалли масъалаҳои графикӣ аз физика истифода мебаранд ва ин масъала дар таҳқиқот олимони ватанӣ ба қадри кофӣ омӯхта нашудааст. Дар мақола намунаҳои барномасозӣ дар ин муҳит оварда шудаанд, ки бартарии моделсозии компютерии масъалаҳои кинематикаро дар муқоиса бо усулҳои анъанавии ҳалли масъалаҳои физика нишон медиҳад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
VBA, муҳити барномасозӣ, кинематика, амсиласозӣ, компютер, донишгоҳи технологӣ, донишҷӯ