ВИЖАГИҲОИ ИНТИХОБИ МАТНҲО АЗ ОСОРИ КЛАССИКОН ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (25.Раҳимова М.А..pdf)Раҳимова М.А.ВИЖАГИҲОИ ИНТИХОБИ МАТНҲО АЗ ОСОРИ КЛАССИКОН ДАР ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ52

 


МУАЛЛИФ: Раҳимова Манзура Аҳмадовна, омӯзгори кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба мавқеи матни классикӣ дар таълими забони тоҷикӣ бахшида шудааст. Муаллиф кӯшидааст, ки диққати омӯзгорони забони тоҷикиро ба интихоби матни осори классикони тоҷик ҳамчун воситаи муҳимми баланд бардоштани маданияти нутқи хонандагони синфҳои боло, аз ҷумла, баёни фасеҳ, образнок ва  муассир ҷалб намояд. Ҷанбаи тарбиявии матни классикӣ ҳамчун омили муҳимми таъмини ҷиҳати тарбиявии дарсҳои забон маънидод карда шудааст. Дар партави андешаҳои олимону методистони маъруф ва ва мушоҳидаҳои шахсии муаллиф матн аз лиҳози хусусиятҳои таълимӣ-методӣ ба ҷанбаҳои мазмунӣ, мантиқӣ, забонӣ (грамматикӣ), дидактикӣ ва тарбиявӣ тасниф ва маънидод карда шудааст. Ҳамчунин дар мақола сухан аз масоили корбурди матн дар нутқи мураттаби хонандагони синфҳои боло меравад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

матн, забони тоҷикӣ, интихоби матн, матни классикӣ, таснифоти ҷанбаҳои илмӣ-методии матн, принсипҳои корбурд