УНСУРҲОИ ЧЕҲРАНИГОРИИ АДАБӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК

{attahmentcs}

 


МУАЛЛИФ: Мурувватиён Ҷамила Ҷамол,доктори илмҳои филология,сарходими шӯъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии АМИТ(Тоҷикистон, Душанбе)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола унсурҳои чеҳранигории адабӣ дар эҷодиёти адабиётшиносмунаққид ва тарҷумони тоҷик Абдураҳмон Абдуманнон дар мисоли китоби ӯ «Аз дирӯзу имрӯзи адабиёти тоҷик» баррасӣ шудааст. Қайд карда мешавад, ки жанри чеҳранигории адабӣ  дар эҷодиёти А.Абдуманнон мавқеи асосиро ишғол намуда,  ӯ дар давоми тамоми фаъолияти эҷодиаш борҳо ба ин жанр муроҷиат кардааст. Муаллифи мақола муҳтавои китобро таҳлил намуда, олами баҳсталаби бадеии нависандаи он, мавқеи  чеҳранигории адабиро дар адабиётшиносӣ нишон медиҳад. Маҳорати А.Абдуманнон дар тасвири  қаҳрамонҳо, муносибати эҳтиёткоронаи ӯ ба ҳар як ҷузъиёти зиндагиномаи шахсияти хос қайд карда мешавад: ӯ ба симои қаҳрамон, рафтор, одат ва тарзи зиндагонии он аҳамият медиҳад, то ки  хонанда дар бораи шахсияти мавсуф, олами ботинии вай, муносибати ӯ бо одамони дигар ва хислати он шахс тасаввурот пайдо кунад. А.Абдуманнон  дар  чеҳранигории адабӣ сарнавишти гузаштагонро таҳлил намуда, кӯшиш мекунад ба саволхое, ки имруз дар атрофи онҳо ба миён меоянд, ҷавоб диҳад

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

чеҳранигории адабӣ, жанр, адабиётшиносии тоҷик, принсипҳои чеҳранигорӣ, унсурҳои жанри чеҳранигории адабӣ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (29.Мурувватиён Ҷ.Ҷ..pdf)Мурувватиён Ҷ.Ҷ.УНСУРҲОИ ЧЕҲРАНИГОРИИ АДАБӢ ДАР АДАБИЁТИ ТОҶИК52