ДОИР БА АВЗОНИ МАСНАВИҲОИ АСРИ XIV ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XV

{attahmentcs}

 


МУАЛЛИФ: Тоҷибоев Шарифҷон Ғайбуллоевич, н.и.ф., дотсенти кафедраи адабиёти классикии тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии авзони маснавиҳои асри ХIV  ва нимаи аввали садаи XV форсу тоҷик ихтисос ёфтааст.Тазаккур меравад, ки шоирони маснависарои давраи  мавриди таҳқиқ  дигаргунӣ ва таҳаввулоти ҷиддие доир ба вазнҳои маснавӣ ба анҷом нарасонида бошанд ҳам,  дар ин замина кӯшиши навоварӣ ва суннатшиканӣ намудаанд.Қайд мешавад, ки бархе аз шоирон, мисли Хоҷуи Кирмонӣ дар “Ҳумой ва Ҳумоюн” ё Хатиби Форсӣ дар “Қаландарнома” ба хотири навоварӣ ва дурӣ аз якнавохтӣ даст ба ибтикор зада, сарфи назар аз  мавзӯву муҳтавои асар авзонеро интихоб намудаанд,  ки дар воқеъ барои мазомини дигар муносиб аст. Дар ин давра маснавиҳое ба мисли “Маҷмаъ-ул-баҳрайн”-и Котибии Нишопурӣ  ба зуҳур омаданд, ки ба ду баҳр хонда мешуданд ва ё мисли “Даҳнома”-и Имоди Фақеҳ ба чанд вазн иншо шудаанд. Хулоса мешавад, ки маснавиҳои ин аҳд дар шаш аз ҳафт авзони маснавиҳои форсу тоҷик нигошта шуда, суннати ёздаҳҳиҷоии шеър дар онҳо риоя шудааст.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

маснавӣ, вазн, авзони дароз, назми асрҳои ХIV  ва XV форсу тоҷик, таҳаввул, теъдоди авзони маснавӣ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (30.Тоҷибоев Ш.Ғ.pdf)Тоҷибоев Ш.ҒДОИР БА АВЗОНИ МАСНАВИҲОИ АСРИ XIV ВА НИМАИ АВВАЛИ АСРИ XV 80