МУНДАРИҶА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ КОРИ ТАҶРИБАВӢ БО ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ОИД БА ТАРТИБ ДОДАН ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТАЪЛИМИ МУЛТИМЕДИАВӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (22.Собитов М.Ш..pdf)Собитов М.Ш.МУНДАРИҶА ВА ТЕХНОЛОГИЯИ КОРИ ТАҶРИБАВӢ БО ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДА ОИД БА ТАРТИБ ДОДАН ВА ИСТИФОДАИ ВОСИТАҲОИ ТАЪЛИМИ МУЛТИМЕДИАВӢ51

 


МУАЛЛИФ: Собитов Мазбут Шавкатович, н.и.п., дотсенти кафедраи методикаи таълими математика ва технологияи иттилоотии МДТ «ДДХ  ба номи акад.Б.Ғафуров»  (Тоҷикистон,Хужанд

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Ҳамгироии илм ва истеҳсолот дар заминаи истифодаи технологияҳои навтарини иттилоотӣ ҳарчӣ зудтар иттилоотонии соҳаи маорифро, омадосозии мутахассисони дорои саводнокӣ ва салоҳиятнокии баланди компютериро тақозо менамояд. Истифодаи воситаҳои мултимедиавии таълим ҳамчун иттилоотонии раванди таълим дар мактаби олӣ яке аз роҳҳои самараноки баланд бардоштани сатҳу сифати таълим, арзиши илмию-методии он арзёби мегардад. Ҳадафи таҳқиқот аз ҷиҳати илмӣ-методӣ асоснок намудан ва коркарди мундариҷа ва методикаи ташаккули омодагии омӯзгорони оянда ба таҳия ва истифодаи воситаҳои мултимедиавии таълим дар асоси риояи принсипҳо ва қоидаҳои таълим мебошад. Таҳқиқот дар се марҳила гузаронида шуда он дар асоси омӯзиши ҳуҷҷатҳои меъёрӣ-ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси якҷоя мавриди истифода қарор додани методҳои умуми илмӣ ва педагогӣ, назариявӣ ва амалӣ: моделонии педагогӣ, озмоишӣ фикрӣ, силсиласозӣ мушоҳидаи педагогӣ, сӯҳбат, омӯзиш, ҷамъбаст ва эҷодкорона дар амал татбиқ намудани таҷрибаи пешқадами педагогӣ, корҳои озмоиши таҷрибавӣ ва дар асоси натиҷаҳои математикӣ арзёбӣ намудани онҳо ба сомон расонида шудааст.Маҷмӯи қоидаҳо, моделҳо, тавсияҳо, ки бо гузориш ва тарзи ҳаллу фасли муаммои омодагии омӯзгорони оянда ба таҳия ва истифодаи воситаҳои мултимедиавии таълим аз ҷониби субъектҳои раванди педагогӣ нав маҳсуб меёбанд.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

дидактика, таҳсилот, иттилооти таълимӣ, технологияи мултимедиавӣ, принсипҳои дидактикӣ, қоидаҳои дидактикӣ, моделонии педагогӣ, тахтаи электронӣ, иттилоотонии раванди таълим, муаррифӣ, воситаи аёнии таълим