Рӯйхат 2023
УСУЛҲОИ ҲАЛЛИ МУОДИЛАҲОИ МУВОЗИНАТИ ҲАРОРАТӢ
МУАЛЛИФ: Шерматов Шавкат, н.и.ф.-мат, дотсенти кафедраи методикаи таълими физика; Юсупов Зарифҷон Нематҷонович, н.и.ф.-мат., дотсенти кафедраи электроника; Каримова Парвинахон, магистранти соли 2-юми факултети физикаю техникаи МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба усулҳои ҳалли муодилаҳои мувозинати ҳароратӣ дар дарси физика бахшида мешавад. Қайд карда мешавад, ки дилхоҳ раванди гармидиҳӣ аз як ҷисм ба ҷисми дигар ин камшавии қувваи дохилии як ҷисм аст, ки ба зиёдшавии қувваи дохилии ҷисми дигар меорад. Ин раванд бо мафҳуми миқдори гармӣ тавсиф карда мешавад. Суммаи миқдори гармии ба зиёдшавии қувваи дохилии ҷисм саршуда ба суммаи миқдори гармие, ки ҷисми дигар ҳангоми камшвии қувваи дохилиаш медиҳад, баробар аст.Муодилае, ки ин ҳолатро ифода мекунад, муодилаи мувозинатии ҳароратӣ номида мешавад. Дар мақола усулҳои тартиб додани муодилаи мувозинати ҳароратӣ ва ҳаллӣ ин муодилаҳо доир ба мавзӯи ҳодисаҳои ҳароратӣ ва инчунин, тартиб додани муодилаҳои алгебравӣ бобати ин масоил дар раванди ҳалли масъалаҳои мушкил аз қисми термодинамика бо таври мушаххас нишон дода шудааст
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҳарорат миқдори гармӣ, гармиғунҷоиши хос, гармиғунҷоиши ҷисм, гармии хоси гудозиш, гармии хоси сӯзиш, гармии хоси буғҳосилшавӣ