РОҲҲОИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДАРСҲОИ ДОНИШГОҲҲОИ ҒАЙРИЗАБОНӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (21.Атамова С.М., Ҷалолова З.А..pdf)Атамова С.М., Ҷалолова З.А.РОҲҲОИ ТАТБИҚИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ ИННОВАТСИОНӢ ДАР ДАРСҲОИ ДОНИШГОҲҲОИ ҒАЙРИЗАБОНӢ60

 


МУАЛЛИФ: Атамова Саидахон Мирзоҷоновна,  дотсенти кафедраи  инкишофи нутқи шифоҳӣ ва хаттии забони русии  МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд); Ҷалолова Зӯҳро Абдусаломовна, дотсенти кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷии Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон(Тоҷикистон,  Бӯстон)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба  баррасии роҳҳои татбиқи технологияҳои навоварона дар дарсҳои  донишгоҳҳои ғайризабонӣ  бахшида шудааст. Дар он маҷмӯи шартҳои педагогии таълими мухобиравии забони русӣ дар донишгоҳ пешниҳод мешавад. Диққати асосӣ ба пиёдасозии усулҳои мухобиравии таълим дар фароянди ёдгирии забони ғайримодарӣ, аз қабили бозиҳои нақшофаринии иртибот(коммуникатив)-ӣ, ҳолатҳои нутқ, бозиҳои мубоҳисавӣ, бозиҳои мухобиравии дастаҷамъӣ, методи кейс, «ПОПС-формула», усули лоиҳа, сафари ғоибона, озмунҳо, намоишҳо, афсонаҳо, рӯнамоиҳо,  баҳсҳо ва ғайра равона карда шудааст. Муаллифон ба ин натиҷа расидаанд, ки ин шаклҳои таълим аз имтиҳони замон гузашта, самаранокии худро на танҳо дар шаклгирии салоҳиятҳои фаннии забони хориҷӣ, балки дар ҷиҳати инкишофи маърифатӣ, иҷтимоӣ ва коммуникатсионии донишҷӯён низ собит намудааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

технологияҳои инноватсионӣ,  усулҳои мухобиравӣ, усулҳои таълим, коммуникативӣ, ҳуҷуми ақлӣ