ТАТБИҚИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ЧУН ОМИЛИ САМАРАБАХШИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪРИФАТӢ ВА ИНКИШОФИ МАЛАКАҲОИ МУОШИРАТӢ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (20.Рабиев С.М..pdf)Рабиев С.М.ТАТБИҚИ УСУЛҲОИ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ ЧУН ОМИЛИ САМАРАБАХШИИ ФАЪОЛИЯТИ МАЪРИФАТӢ ВА ИНКИШОФИ МАЛАКАҲОИ МУОШИРАТӢ 52

 


МУАЛЛИФ: Рабиев Сатторбердӣ Мавлонович, н.и.п., дотсенти кафедраи табиӣ-риёзӣ, тарбияи эстетикӣ ва методикаи таълими онҳои МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои ташкили раванди таълим бо истифодаи усулу тарзҳои фаъоли таълим мавриди баррасӣ қарор дода шудааст. Муаллифи мақола моделҳои ғайрифаъол ва фаъоли ташкили раванди омӯзишро таҳлилу баррасӣ намуда, таъкид медорад, ки ташкили ҷараёни таҳсилоти муосир ва талаботҳои ҷомеаи имрӯза ба шахсият истифодаи усулҳои ҳамкориро тақозо менамоянд. Муаллиф дар заминаи таҳлили асарҳои олимони соҳа моҳият ва самараи татбиқи фаъолияти муштараконаи омӯзишро тавзеҳ бахшида, вазифаву шартҳои педагогии истифодаи усулҳои фаъоли таълимро ба қалам додааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фаъолияти маърифатӣ, усули фаъоли таълим, кори гурӯҳӣ, нақшофарӣ, омӯзиши интерактивӣ, ҳамкории мутақобила, муошират, муносибатҳои салоҳиятнокӣ