МУАММОИ ФАЪОЛСОЗИИ ХОНАНДАГОН ДАР ДАРС БО ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ НАВУ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (17.Қосимова Ф.Ҳ.pdf)Қосимова Ф.ҲМУАММОИ ФАЪОЛСОЗИИ ХОНАНДАГОН ДАР ДАРС БО ИСТИФОДАИ УСУЛҲОИ НАВУ ФАЪОЛИ ТАЪЛИМ51

 


МУАЛЛИФ: Қосимова Фирӯза Ҳабибовна, докторанти соли сеюми ихтисоси педагогика ва методикаи таълими  МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии муаммои фаъолсозии хонандагон дар ҷараёни дарс тариқи истифодаи усулҳои наву фаъоли таълим бахшида шудааст. Мавзӯи интихобгардида дар замони муосир актуалӣ ба ҳисоб меравад, зеро солҳои охир диққати омӯзгоронро муаммои фаъолсозии хонандагон дар ҷараёни дарс беш аз пеш ҷалб месозад ва имконияти тағйирот дар раванди таълимро омӯзгорон маҳз дар татбиқи оқилонаву самараноки усулҳои наву фаъоли таълим мебинанд. Идоракунии фаъолияти хонандагон раванди фаъолгардонӣ номида мешавад. Фаъолиятро метавон ҳамчун раванди доимии давомдори ҳавасмандгардонии хонандагон ба омӯзиши пурқувват, мақсаднок, бартараф кардани фаъолиятҳои ғайрифаъол ва қолабӣ, таназзул ва пешравӣ дар кори ақлӣ муайян намуд. Ҳадафи асосии фаъолсозии хонандагон ташаккули мустақилнокии хонандагон ва баланд бардоштани сифати таълим мебошад. Муаллиф бар он ақидааст, ки низоми раванди  фаъолсозии фаъолияти маърифатии хонандагон барои таълим ба нуктаҳои асосӣ асос ёфтааст: назарияи фаъолият, назарияи инкишофи шавқи маърифатӣ, назарияи фаъолсозии фаъолияти маърифатии хонанда, фаъолияти иҷтимоии коллективӣ.Дар мақола  тадқиқоти олимон оид ба масъалаи фаъолсозии фаъолияти маърифатии хонандагон оварда шуда, қайд карда мешавад, ки фаъолияти ҷустуҷӯи эҷодӣ агар пеш аз он фаъолияти мустаҳкамкунӣ ва дигаргунсозанда бошад, самараноктар мешавад, ки дар рафти он хонандагон усулхои таълимро меомӯзанд

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

фаъолият, фаъолсозӣ, фаъолияти фикрӣ,омӯзиш, усулҳои таълим, шавқи маърифатӣ, ҳавасмандгардонӣ