НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (16.Ашурматов Ф.Б..pdf)Ашурматов Ф.Б.НАҚШИ МУАССИСАҲОИ ТАҲСИЛОТИ ИЛОВАГӢ ДАР РУШДИ ШАХСИЯТИ КӮДАКОНУ НАВРАСОН44

 


МУАЛЛИФ: Ашӯрматов Фирдавс Баҳромович, директори Маркази таҳсилоти иловагии вилояти Суғд, унвонҷӯи МДТ”ДДХ ба номи академик Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии масъалаи нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар рушди шахсияти кӯдакону наврасон бахшида шудааст.Қайд мешавад, ки таҳсилоти иловагӣ ҳамчун қисми муҳим ва сохтории соҳаи маориф дар рушди кӯдакону наврасон нақши муҳим дорад. Тазаккур мегардад, ки чорабиниҳову  машғулиятҳои таълимию тарбиявӣ дар муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ  берун аз вақти дарсӣ гузаронида шуда, дар рушди шахсият, қобилияти кӯдакону наврасон ва қонеъ намудани ниёзҳои инфиродӣ, шавқу ҳавас ва майлу хоҳиши онҳо мусоидат менамояд.Бинобар ин зиёд намудани теъдоди муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ дар ҷумҳурӣ муҳим арзёбӣ гашта, фарогирии кӯдакону наврасон ба ин васила зиёд мегардад. Хулоса мешавад, ки нақши муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ҷиҳати дар амал татбиқ намудани рукнҳои асосии тарбия ва иҷтимоишавии кӯдакону наврасон  назаррас буда, ба ин самт дар системаи  маорифи ҷумҳурӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шавад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

таҳсилоти иловагӣ, Марказҳои эҷодию техникӣ, муносибати инфиродӣ, муносибати дифференсисатсионӣ(тафриқавӣ), иҷтимоишавии кӯдакону наврасон,  рушди эҷодӣ, тафаккури фаннию техникии кӯдакону наврасон