МУАММО ВА АСОСҲОИ ИҶТИМОИЮ ПЕДАГОГИИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОНИ ДЕҲОТ

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (15.Мингбоева О.А..pdf)Мингбоева О.А.МУАММО ВА АСОСҲОИ ИҶТИМОИЮ ПЕДАГОГИИ ТАРБИЯИ АХЛОҚИИ МАКТАББАЧАГОНИ ДЕҲОТ 50

 


МУАЛЛИФ: Мингбоева Ойпари Абдуворисовна,  преподаватель кафедры общей педагогики ГОУ “Худжандский государственный университет имени академика Б.Гафурова” (Таджикистан, Худжанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ

ЧАКИДА

Мақола ба яке аз масъалахои  мубрам - тарбияи ахлоқии бачагон дар мактаби деҳот  бахшида шудааст. Таъкид мешавад, ки дар ҳама давру замон мардум ахлоқи инсон ва тарбияи ахлоқиро қадр мекарданд. Хулоса  мешавад, ки мавзуи мавриди тадқиқот тарбияи сифатҳои ботинӣ, маънавии  мактаббачагони  деҳот мебошад, ки  меъёрҳои  ахлоқӣ ва қоидаҳои рафтори онҳоро дар бар мегирад. Қайд намудан ҷоиз аст, ки  дар мақолаи мазкур мухтасар сухан доир ба масъалаи тарбияи ахлоқии мактаббачагон дар мактабҳои деҳот меравад. Муаллифи мақола ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардааст, ки тарбияи ахлоқӣ як ҷузъи муҳими таълиму тарбия дар маҷмуъ буда, ҳамчун  ҳамкории  мақсаднок,  махсус  ташкилшудаи  байни омӯзгорон ва тарбиятгирандагон, ки ба дигаргунсозии шахсияти тарбиятгиранда дар маънии ахлоқӣ, озодӣ аз хислатҳои манфӣ равона шудааст.Дар асоси таҳлил ва натиҷаҳои тадқиқот вазъи инкишофи тарбияи сифатҳои ахлокии мактаббача, тарбияи шахсияти ҳаматарафа ташаккулёфта муайян карда мешавад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

тарбияи ахлоқии кӯдакон, ташаккули сифатҳои ахлоқии мактаббачагони деҳот, раванди яклухти педагогӣ, муҳити зист, иҷтимоикунонии мактаббачагон, раванди таълим, сатҳи маърифатнокии волидон, ташаккули рӯҳияи ахлоқӣ