Рӯйхат 2023
НАҚШИ МАЪРИФАТИ ЭКОЛОГӢ ДАР ТАШАККУЛИ ҲИССИ МЕҲАНПАРАС ТИИ ДОНИШҶӮЁНИ ИХТИСОСҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ
МУАЛЛИФ: Ҳайдарова Мавзуна Маҳмудҷоновна, саромӯзгори кафедраи экология ва ҳифзи табиати факултети геоэкология туризми МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба масъалаи ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ба арзишҳои миллӣ дар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тавассути машғулиятҳои таълимӣ аз фанҳои экология бахшида шудааст. муаллиф дар мақола раванди ташаккули ҳисси ватандӯстӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллиро дар доничӯён тавассути машғулиятҳои таълимӣ, корҳои беруназсинфӣ, беруназмуассисавӣ, ки дар ҷамъи алоқаҳои дохили ва берунаи нишондиҳандаҳои меёрии ҷузъҳои он: маърифатӣ (дарки мафҳуми Ватан, донистани география, таърих, анъанаҳои, муқаддасот); ҳиссиёти (дараҷаи шинохти худ ҳамчун шаҳрванд ва шахси ватандӯст) зоҳир мегардад, инъикос намудааст.Масъалаҳои баланд бардоштани ғуруру худогоҳии миллии донишҷӯён дар заминаи тарбияи экологӣ, ки ба такомули тафаккур ва ҷаҳонбинӣ мусоидат менамояд , баррасӣ карда мешаванд. Ҷараёни муттасили ташаккули ҳисси меҳанпарастии донишҷӯён дар алоқамандӣ бо сатҳи маърифати экологӣ таҳлил карда шудааст. Аниқ гардидааст, ки омӯзиши пайваста ва дониши чуқур дар бораи захираҳои табиии кишар барои ташаккулу такомули ҳисси ватандӯстиву меҳанпарастии донишҷӯён мавқеи ҳалкунанда мебозад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
маърифати экологӣ, тарбияи ватандӯстӣ, муҳити зист, мактаби олӣ, донишҷӯ