Рӯйхат 2023
АСОСҲОИ НАЗАРИЯВИИ ШАРТҲОИ ПЕДАГОГИИ МУТАНОСИБГАРДОНИИ МУНОСИБАТҲОИ ОМӮЗГОР ВА ХОНАНДА ДАР РАВАНДИ ТАЪЛИМ
МУАЛЛИФ: Пиров Ҳоҷибой Пирмаҳмадович, муаллими кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад. Б Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола доир ба асосҳои назарии шароити омӯзишӣ барои эҷоди таъодул дар равобити муаллим ва хонанда дар фароянди омӯзиш сухан меравад. Тазаккур меравад,ки рифоҳи психологию педагогӣ чунин ҳолати ахлоқию отифии кормандони муассисаи таълимӣ, ки дар он шавқу рағбат ва ниёзҳои субъектҳои раванди таълиму тарбия шароити беруниву дохилии маишии ҳаёти онҳо, таассуроти равонӣ, муносибат ба якдигар, ба таҳсил, ба кор ва ба рӯйдодҳои атроф мутаносибан рушд ёфта, ба инобат гирифта мешаванд. Дар мақола собит мешавад, ки рифоҳи психологию педагогиро созгорӣ, ҳадафмандӣ ва ҳамгироии самтҳои асосӣ, усулу шаклҳои мусоидати педагогӣ ба баландшавии сатҳи мутаносибии муносибатҳои тарафайни омӯзгор ва хонанда таъмин менамояд
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
комплекс, мутаносибгардонӣ, ҳамгиро, манавиёт, шахсият, мактаббача, категория, педагог