Рӯйхат 2023
РОҶЕЪ БА МАСЪАЛАИ ОМӮЗИШИ ҶАНБАИ ИТТИЛООТИИ ФАРҲАНГИ МУОШИРАТИИ ОМӮЗГОРОНИ ОЯНДАИ ЗАБОНИ РУСӢ
МУАЛЛИФ: Негматова Мунира Муҳамедовна, номзади илмҳои педагогика, сармуаллимаи кафедраи педагогикаи умумии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола баррасии масъалаи ҷанбаи иттилоотии фарҳанги муоширатии омӯзгорони ояндаи забони русӣ мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Зикр карда мешавад, ки ҷанбаи иттилоотии фарҳанги муоширатии омӯзгорони ояндаи забони русӣ ба кас имкон медиҳад, ки мундариҷаи иттилоотӣ аз нуқтаи назари иҷтимоӣ муҳим буда, устувории ҷомеаро ҳамчун низом таъмин намуда, ба ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории байни одамон дар раванди муошират мусоидат мекунад. Собит карда шудааст, ки фарҳанги муошират ба қобилияти паймоиши омӯзгорон дар сохтори иттилоотии муошират асос ёфтааст. Дар баробари ин иттилооти иҷтимоӣ-психологӣ низ аҳамияти калон дорад, ки он ҳам бо истифода аз забони одоб, меъёрҳои муошират, рамзҳо, аломатҳо интиқол меёбад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ташаккул, ҷанба, забони русӣ, ҷанбаи иттилоотии фарҳанги муошират, фарҳанги муошират, дониш, малака, омӯзгорони оянда