Рӯйхат 2023
ТАҲЛИЛИ МАФОҲИМ, САБАБ ВА ШАРОИТИ ЗУҲУРИ КАҶРАВӢ ВА РАФТОРИ ИФРОТӢ ДАР БАЙНИ ҶАВОНОН
МУАЛЛИФ: Шохоликзода Шахбози Шорозик, соискатель кафедры общей педагогики ГОУ “ХГУ имени акад. Б. Гафурова” (Таджикистан, Худжанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Дар мақола масъалаҳои марбут ба рафтори ҷавонони имрӯза, ки дар вақтҳои охир аксаран на ҷониби мусбат, балки бар хилофи меъёрҳо ва қоидаҳои аз тарафи умум пазируфташуда, ки метавон онро « каҷравӣ» ё «девиант» номид, баррасӣ шудааст. Бар ҳувияти ин ду мафҳум ишора мешавад, масалан, дар ҷомеашиносӣ «девиантӣ» рафтори инҳирофӣ аз меъёрҳо ва ахлоқи аз ҷониби умум пазируфташуда, яъне қаҷравӣ, ҳисобида мешавад. Муаллиф бар он андеша аст, ки каҷравии рафтор ҳам барои ноболиғ ва ҳам барои дигарон оқибатҳои номатлуб дорад, аз ин рӯ, сари вақт ошкор намудани он дар рафтори наврасон ва пешгирии ангезаҳои ифротгароӣ самти муҳимми фаъолияти омӯзгорон ба шумор меравад. Таъкид карда мешавад, ки омӯзгор дар фаъолияти худ зарурати сари вақт гузаронидани корҳои профилактикӣ бо кӯдакони каҷравро, ки гарави суботи ҷомеа мебошад, ба назар гирад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҷавонон, хислат, рафтор, каҷравӣ, ифротгароӣ, субот, ҷурмангорӣ, шиддат, якравӣ, пархошгарӣ, беадабӣ, исён