Рӯйхат 2023
РЕШАҲОИ ТАЪРИХИИ МУНОСИБАТҲОИ ДУҶОНИБАИ РУСИЯ ВА АРМАНИСТОН
МУАЛЛИФ: Маркосян Ани Аветиковна, аспирант факультета международных отношений, Санкт-Петербургского государственного университета (Россия,Санкт-Петербург)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: русӣ
ЧАКИДА
Муҳимияти тадқиқот ба тағироти кунунии дар ба вуҷуд омада арсаи ҷаҳонӣ ва аҳамияти стратегии рушд ва амиқсозии муносибатҳои Русия ва Арманистон вобаста аст, ки айни замон давраи душворро аз сар мегузаронад. Имрӯз, ки Русия таҳти фишори таҳримҳои як қатор кишвари ғарбӣ қарор дорад, амиқтар кардани муносибатҳо бо иттифоқчиёни мавҷуда ва ҷустуҷӯи самтҳои нави ҳамкорӣ ва ҳамкориҳои мутақобилан судманд барои ҳама ҷонибҳои манфиатдор аҳамияти хоса дорад. Муаллиф маълумотро дар бораи зикри ҳузури арманиҳо дар Русия ва ба Арманистон сафар кардани сайёҳони русро мавриди омӯзиш қарор додааст. Мақсади тадқиқот омӯзиши пайдоиш ва таърихи рушди муносибатҳои Русияву Арманистон аз ибтидо то ба ҳайати империяи Русия дохил шудани як қатор қаламрави Арманистони таърихӣ мебошад. Муаллиф маъхазхо ва адабиёти ба забонхои русй, англисй ва арманиро тахлил намуда, ба чунин хулоса меояд, ки Руссия симои ҳимоятгари халқи арманро ташаккул медиҳад.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
муносибатҳои Русияву Арманистон, фазои пасошӯравӣ, диаспораи арманиҳо дар Русия, калисоҳои арманӣ дар Русия, масъалаи арманӣ