Рӯйхат 2023
НАМУНАҲОИ НАВИ КАТИБАҲОИ СУҒДӢ (БОЗЁФТҲО АЗ КӮЛТЕПА)
МУАЛЛИФ: Раҳимов Набиҷон Турдиалиевич, д.и.т., профессори кафедраи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва диншиносӣ; Маҳмудов Нурулло Ҳакимбоевич, магистранти кафедраи бостоншиносӣ, мардумшиносӣ ва диншиносии МДТ «ДДХ ба номи акад. Б. Ғафуров (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба катибаҳои нави суғдӣ, ки аз ҷануби Қазоқистон ёфт шуда дар айни ҳол ҳамто надоранд, бахшида шудааст. Қайд мешавад, ки дар натиҷаи кофтуковҳои бостоншиносӣ дар димнаи Кӯлтеппа якчанд қитъаи алоҳидаи хиште, дорои навиштаҷои суғдӣ ҳастанд, кашф шудаанд. Дар байни он қитъахиштҳо як бозёфти бутуне ҳаст, ки матни он барои таърихи қадими Осиёи Миёна аҳамияти калон дорад. Бинобар ин, дар мақолаи мазкур дастовардҳои олимони соҳаи бостоншиносӣ ва забоншиносии қадима, ки марбут ба ин мавзӯъ ҳастанд, ҷамъбаст шудааст. Муаллиф асосан масъалаҳои палеографии катибаҳоро баррасӣ намуда, аҳамияти таърихии онҳоро қайд менамояд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
катибаи суғдӣ, Кӯлтеппа, забони суғдӣ, «Номаҳои бостон», мустамликаҳои суғдиён, палеография, суғдшиносӣ