САҲМИ ОСОРХОНАИ КИШВАРШИН ОСИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР ОМӮЗИШИ МАДАНИЯТИ МОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (6.Усмонзода А.И., Хайруллозода К..pdf)Усмонзода А.И., Хайруллозода К.САҲМИ ОСОРХОНАИ КИШВАРШИН ОСИИ ТОҶИКИСТОНИ ШИМОЛӢ ДАР ОМӮЗИШИ МАДАНИЯТИ МОДДИИ ХАЛҚИ ТОҶИК53

 


МУАЛЛИФ: Усмонзода Аюб Ислом, д.и.т., профессор, ректори МДТ  “ДДХ  ба  номи  академик  Б.Ғафуров”;Хайруллозода Кароматулло, муаллими кафедраи методикаи таълими таърих ва ҳуқуқи МДТ “ДДХ ба номи акад. Б.Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Дар мақола фаъолияти илмии аввалин осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистон (ш.Хуҷанд), дар самти омӯзиш, ҳифз ва тарғиби маданияти моддии халқи тоҷик мавриди таҳлил қарор гирифтааст. Таъкид мегардад, ки Осорхонаи навтаъсис аз оғози фаъолияти хешро сарфи ҷустуҷӯ, тақҳиқу омӯзиш, ҳифз ва дастраси аҳли илм ва мардум гардонидани осори пурарзиши таърих, фарҳанг ва тамаддуни бостонии ниёгони мо, бахусус Тоҷикистони Шимолӣ, сафарбар намудааст. Дар солҳои 1932-1937 аз ҷониби кормандони Осорхонаи кишваршиносии Тоҷикистони Шимолӣ чанде аз ёдгориҳои археологӣ ҳафр шуда, маводи зиёд доир ба таърихи маданияти моддии тоҷикон ба даст омада буд. Натиҷаи фаъолияти археологии осорхона, мавод ва маълумоти ҳафриётӣ барои бостоншиносии солҳои минбаъда пойдевори мустаҳкам гардид

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Тоҷикистони шимолӣ, фаъолияти осорхона, маданияти моддӣ, ҳафриёти бостоншиносӣ, ҳифзи ёдгориҳо, мероси таърихию фарҳангӣ