Рӯйхат 2023
ХУСУСИЯТҲОИ СОЗМОНДИҲӢ ВА БАРГУЗОРИИ ҶАШН ВА МАРОСИМҲОИ НАВИ ШӮРАВӢ ДАР ТОҶИКИСТОН
МУАЛЛИФ: Исамитдинов Жорабек Бобобекович, н.и.т., дотсенти кафедраи таърихи халқи тоҷики МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола таҳлили таърихию фарҳангии ташаккулёбӣ ва ҷорӣ шудани ҷашнҳои шӯравӣ дар Тоҷикистон оварда шудааст. Қайд мегардад, ки дар ҳама давру замон вобаста батағйирёбии мафкураи давр, ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ҷашнҳо ба майдони муборизаи падидаҳои нав бо анъанаҳои кӯҳна намоён мегаштанд. Баъди Инқилоби Бузурги Октябри сотсиалистии соли 1917 тағйироти куллӣ дар баргузории ҷашну маросимҳо ба амал омаданд, шаклҳои нави ҷашнҳои миллӣ ва байналхалқӣ ташаккул ёфтанд. Ҳукумати шӯравӣ сиёсати бедини ба роҳ монда буд, ки мутобиқи он даст каштдан аз ҷашну маросимҳои динӣ низ талаб карда мешуд. Суръати дур шудан аз расму оинҳои динӣ дар байни халқиятҳои Иттиҳоди Шӯравӣ якхела набуд. Дар солҳо аввали Шӯравӣ шароитҳои нави меҳнатӣ, паҳн гаштани шаклҳои фарҳанги сотсиалистӣ, навгониҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ ва оилавӣ, худшиносии миллӣ, маҳдуд кардани мафкураи динӣ рух доданд. Муайян карда шудаанд, ки дар тамоми қаламрави шӯравӣ, аз ҷумла дар Тоҷикистон идҳои солгарди Инқилоби Октябр, Якуми май, Рузи артиши шӯравӣ, Рӯзи байналхалқии занон, рӯзи қабули Конститутсия ва ғ. дар шакли тантана, чорабинии фароғатию оммавӣ ва дар доираи хонавода таҷлил мегаштанд.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ид, маросим, ҷашнҳои нави шӯравӣ, ҷашнҳои анъанавӣ, чорабиниҳои оммавӣ,идҳои оилавӣ