ШАКЛҲОИ ЗАМИН ВА МАСЪАЛАҲОИ ЗАМИНДОРӢ ДАР ХОНИГАРИИ ҚӮҚАНД

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (4.Мамадқулов Ҷ.А..pdf)Мамадқулов Ҷ.А.ШАКЛҲОИ ЗАМИН ВА МАСЪАЛАҲОИ ЗАМИНДОРӢ ДАР ХОНИГАРИИ ҚӮҚАНД50

 


МУАЛЛИФ: Маматкулов Джурабек Абдуганиевич, унвонҷӯи кафедраи таърих ва диншиносии ДДҲБСТ (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Русӣ

ЧАКИДА

Дар мақола масъалаҳои замин ва заминдорӣ, ки соси хоҷагии қишлоқи хонигарии Қӯқандро ҳамчун мамлакати аграр баррасӣ мешавад.Қайд мешавад, ки  водии Фарғона қисмати марказии хонигарӣ буда, вилояти Хуҷанд ҳам ба таркиби он шомил мешуд, қадимтарин маскани маданияти зироаткорӣ Осиёи Марказӣ ба шумор меравад, ки маданияти Чуст ба он мисол шуда метавонад. Шакли заминдорие, ки аз ҳама зиёд паҳн шудааст, заминҳои давлатӣ - «мулки султонӣ», «хосса», «хоссагӣ» мебошад. Ин шакли замин дар ихтиёри хон буд. «мулк», «мулки хур», «мулки холис» моликияти хусусии заминро ифода мекунад. Заминҳои давлатӣ (замини хон) барои муваққатан истифода бурдан, ба иҷора дода мешуд. Дараҷаи сифати заминро ба инобат гирифта, ба иҷорагирҳо андоз муайян карда мешуд, барои ҳамин замини онҳо «мулки хараҷ» ва «мулки ушр» (аз номи андозҳои «хараҷ» ва «ушр»)ном мегирифт. Аз ҳисоби замини давлати барои хизмати содиқона ба хизматчиёни давлатӣ ва сарлашкарон замин (дар баъзе ҳолатҳо ҷамъ намудани андози деҳаҳо, ноҳияҳо, вилоятҳо) тӯҳфа мешуд ва он «суюрғол» ва «таноҳ» номида мешуд. Боз як шакли заминдорие, ки васеъ паҳн шуда буд «вақф» мебошад. Дар мақола дар асоси сарчашмаҳо, дар вилоятҳои Хуҷанд, Ӯротеппа ҳаҷми вақф (дар мобайни мардум «ваҳм» ҳам талаффуз карда мешуд) ва мақоми он дар мобайни шаклҳои замин нишон дода шудааст

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

мулк, мулки ҳурр, Ӯротеппа, мулки холис, вақф, Хуҷанд, ушр,  мадраса, масҷид, мазор, дахма, хонигарии Қӯқанд, генерал-губернатории Туркистон, таноб, лалмӣ, васиқа