Рӯйхат 2023
МУНДАРИҶАИ ТАШКИЛИ ТАЪЛИМИ ЗАБОНИ ХОРИҶӢ ҲАМЧУН ВОСИТАИ ТАШАККУЛИ ФАРҲАНГИ АХЛОҚИИ ДОНИШҶӮЁН
МУАЛЛИФ: Шаропов Шавкат Аҳмадович, д.и.п., профессор; Раҷабова Нигора Мирҳакимовна, унвонҷӯи кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбии МДТ “ДДХ ба номи акад.Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 2(75). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: тоҷикӣ
ЧАКИДА
Мақола ба баррасии масъалаи роҳу воситаҳои созмондиҳии омӯзиши забони хориҷӣ ҳамчун воситаи шаклгирии фарҳанги ахлоқии донишҷӯён бахшида шудааст. Тазаккур меравад, ки вобаста ба тағйироте, ки дар соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал меоянд, масъалаҳои сершумори наве, ки дар робита ба омодасозии мутахассисони баландихтисоси оянда ва бадастории сифатҳои зарурии ахлоқию касбӣ вобастаанд, ба миён омадаанд. Қайд мешавад, ки ҷиҳатгириҳои фарҳангиву ахлоқӣ таъинкунандаи муваффақияти кори касбӣ, созгории иҷтимоӣ ва ҷалби мутахассиси оянда раванди беҳбуди ҷомеа аст. Собит мешавад, ки самарабахшии фаъолияти касбӣ ва муносибатҳои муносиб бо ҷомеаи атроф аз он вобаста аст, ки шахс дар раванди такмили ихтисос чӣ гуна низоми арзишҳои фарҳангӣ, таносуби талаботи берунии касб, ҷомеаи касбӣ ва дунёи ботинии худро ташаккул медиҳад. Сатҳи муосири рушди илм имкон медиҳад, ки ба ҳалли ин масъала аз нуқтаи назари истифодаи ҳама гуна усулу шаклҳои кори тарбиявӣ бо ҷавонон, ки дар сурати таъмини муносибати дастаҷамъӣ ба ташаккули самтҳои шахсиятӣ-арзишӣ, истифодаи имкони дохилии шахс, ҷаҳони ботинии табиӣ ва маънавии ӯ муносибат кунем. Функсияҳое, ки ҷомеа ба миён гузоштааст, ҳоло ба фаҳмиши афзалиятноки педагогӣ ниёз дорад. Хулоса мешавад, ки дар шароити имрӯзаи ислоҳоти низоми таҳсилоти олии ҷумҳурӣ, ба ташаккули ахлоқи донишҷӯ бо такя ба воситаҳои таълим, имкониятҳои педагогӣ ва психологии он, ҳалли масъалаҳои нокомии шахсияти донишҷӯ дар раванди педагогӣ; мавҷуд будани асосҳои идеявию ахлоқие, ки таъсири педагогиро ба донишҷӯ дар ҷараёни таълим қонунӣ мегардонанд, баён карда, ба муваффақият расидан мумкин аст
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
ҷиҳатгирии ахлоқӣ ва арзишӣ, низоми таълим, фароянди омӯзишӣ, қудрати эҷодкорӣ, маҳоратҳои иртиботӣ, тавоноӣ, ахлоқ, низоми омӯзиш