СОХТОР, МУҲТАВО ВА УСУЛҲОИ ТАСНИФИ «МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ»

ФайлНомСабт карда шуд
Download this file (32.Султонова А.Ҷ..pdf)Султонова А.Ҷ.СОХТОР, МУҲТАВО ВА УСУЛҲОИ ТАСНИФИ «МУНТАХАБ-УТ-ТАВОРИХ»54

 


МУАЛЛИФ: Султонова  Адиба  Ҷалиловна,  унвонҷӯи  кафедраи    адабиёти    муосири    тоҷики  МДТ “ДДХ ба номи  акад. Б.Ғафуров” (Тоҷикистон, Хуҷанд)

 

РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74).     СОЛИ БАРОРИШ: 2023.     ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ

ЧАКИДА

Мақола ба баррасии сохтор, муҳтаво ва усулҳои таснифи яке аз сарчашмаҳои адабиёти форсу тоҷик- «Мунтахаб-ут-таворих»-и Муҳаммад Ҳакимхон ихисос ёфтааст. Қайд мешавад, ки ин таърихнома ба таври мухтасар ба баёни таърихи ҷаҳон  аз замони хилқати Одам то замони нигориши китоб мепардозад. Муҳтавои он дар 5 боб гунҷонида шуда, боби  аввали асар роҷеъ ба таърихи пайғамбарони тоисломӣ, боби дувум оид ба шоҳони қаблазисломии Эрон, боби сеюм дар бораи шоҳони Чину Фаронса маълумот медиҳад. Боби чаҳоруми « Мунтахаб-ут-таворих» оид ба таърихи Умавиён ва Аббосиён, бо­би 5 доир ба таърихи давлатҳои Саффориён, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён, Хоразмшоҳиён, Чингизиён, Темуриён, Шайбониён, Аштархониён ва Маиғития таълиф шудааст. Дар “Мунтахаб-ут-таворих” аз шеваҳои таърихнигорӣ: таърихи умумӣ, таърихи маҳаллӣ ва ёддоштнависӣ истифода шудааст. Асар инчунин оид ба сафарҳои му­аллиф, воқеаҳои таърихии хонигари Қӯқанд дар асри   XIX маълумоти пурқимат медиҳад.

ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ

Муҳаммад Ҳакимхон, «Мунтахаб-ут-таворих», сарчашмаи адабӣ, мӯҳтаво, сохтор, усулҳои тасниф