Рӯйхат 2023
ҚОЗИИ ГУРГОНӢ- ШОИР ВА НАВИСАНДАИ АРАБИЗАБОНИ ФОРСУ ТОҶИК
МУАЛЛИФ: Комилӣ Ҳикматшоҳ Ҳомидиён, н.и.ф., дотсенти кафедраи филологияи араби, МДТ “ДДХ ба номи акад.Б. Ғафуров”(Тоҷикистон, Хуҷанд)
РАҚАМИ ЖУРНАЛ: 1(74). СОЛИ БАРОРИШ: 2023. ЗАБОНИ МАҚОЛА: Тоҷикӣ
ЧАКИДА
Дар мақола, доир ба зиндагинома ва осори яке аз шоирон, нависандагон ва мунаққидони арабизабони форсу тоҷик, бо номи Қозии Гургонӣ маълумот дода шудааст. Аслан, дар мақолаи мазкур пажуҳиш атрофи шахсияти адиб, замони зиндагонӣ, вазъи илму дониш дар сарзамине, ки адиб умр ба сар мебурд ва саҳми шоирону нависандагони эронитабор дар ташаккули адабиёти арабизабони форсу тоҷик равона гардидааст. Ҳамчунин дар мақола, мувофиқ ба сарчашмаҳои дастаи аввал, дар бораи осори манзуму мансури Қозии Гургонӣ, ки яке аз сухансанҷону суханварони машҳури асрҳои IX ва X дар ҳудуди Эрони Ғарбӣ мебошад, маълумоти амиқ дода шудааст. Ҳамчунин бояд таъкид намуд, ки дар мақолаи мазкур абёте чанд аз ашъори арабии шоир оварда шуда, аз ҷониби муаллифи мақола тарҷума ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтааст. Дар ин сурудаҳо маъонии илмомӯзиву донишпарварӣ ва худшиносиву худогоҳӣ дида мешавад, ки он бори дигар нишон медиҳад, ки агарчи шоирони давраи мазкур осори худро бо забони арабӣ таълиф намудаанд, вале муҳтавои онҳо саршори мавзӯъ ва мазомини адабёти форсӣ-тоҷикӣ мебошад. Инчунин дар мақола, доир ба саҳми шоирону нависандагони арабизабони эронитабори форсу тоҷик дар ташаккули адабиёти араб ва арабизабони форсу тоҷик маълумот дода шудааст.
ВОЖАҲОИ КАЛИДӢ
шоирони арабизабон, мадҳ, васф, адабиёти арабизабони форсу тоҷик, шоирону нависандагони эронитабор